Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои сардабир зимни моҷарои шунуди телефонҳо


Ребека Брукз
Ребека Брукз
Яке аз раҳбари аршади шабакаи хабарии “Нюз Корпорейшн”, Ребека Брукз дар пайванд бо моҷарои гӯш кардани телефонҳои хусусӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ҳамчун мудири иҷроии ширкати “Нюз интернешнл” Брукз ба рӯзномаҳои “Таймз ов Лондон”, “Сан” ва шаабкаи “Скай Нюз”, ки ҳамагӣ бахше аз салтанати расонаии Руперт Мердоканд, сарварӣ мекард. Ин истеъфо дар ҳоле сурат мегирад, ки моҷарои дастрасии ғайриқонунии бархе аз кормандони расонаҳои Мердок ба паёмгирҳои телефони ҳазорон нафар, аз ҷумла мансабдорони давлат, аъзои хонадони салтанатӣ, қурбониёни ҷиноятҳо ва ҳамлаҳои террористӣ дар Британияву Иёлоти Муттаҳида ба авҷ мерасад. Додситонҳои амрикоӣ низ ба таҳқиқи ин роҳкори “Нюз Корпорейшн” дар Амрико шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG