Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Италия ба пешгирӣ аз бӯҳрони қарзи Аврупо


Палатаи поёнии порлумони Италия қарор аст, имрӯз қонуни сарфаҷӯии молиявии ин кишварро, ки ба 99 миллиард доллар баробар аст, ба тасвиб расонад. Мақсад, эҷоди эътимоди сармоягузорон ба вазъи молии Италия аст, ки ахиран ба мушкили бозгардони қарзҳояш рӯбарӯ шудааст. Ҳукумати сарвазир, Силвио Берлусконӣ талош дорад, дар муқобили баҳам хӯрдани эътидол дар бозори молиявии Аврупо чораҳои шадиди сарфакорӣ ва коҳиши харҷро эълон намояд. Сарнавишти иқтисодиёти Италия ҳамчун савумин бузургтарин иқтисоди Аврупо барои тамоми минтақаи евро муҳим хоҳад буд. Он чандин баробар аз иқтисодиёти Юнон, Портулагия ё Ирландия, ки бо мушкили ҳамсон рӯбарӯянд, калонтар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG