Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон бабри кӯҳӣ ба мушоҳида расидааст


Бабри кӯҳӣ ё барфӣ, ки мавҷудияти он дар ҷаҳон зери хатар аст, дар яке аз манотиқи ороми Афғонистон дарёфт гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонии ҳифзи муҳит мегӯяд, ин навъи ҳайвоноти нодир дар минтақае бо номи Долони Вахон, ки бо Тоҷикистону Покистон ҳаммарз аст, ба мушоҳида расидааст. Эҳтимол меравад, дар дунё танҳо дар қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ ҳамагӣ 4500 то 7500 бабри кӯҳӣ боқӣ мондааст, аммо теъдоди онҳо босуръат кам мешавад. Бархе аз онҳо ҳадафи шикори дуздона қарор мегиранд ва бархи дигар аз дасти чӯпонон ба хотири ҳифзи молашон кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG