Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Намояндагони давлатҳои арабӣ ва ғарбӣ имрӯз дар Истанбул бо сарони шӯришии Либия мулоқот мекунанд. Эътилрофи мавсум ба “Гурӯҳи тамос” ҳадаф дорад, талошҳои барканории Муаммар Қаззофииро аз қудрат ҳамоҳанг намояд. Раҳбари Либия дар тазоҳуроте дар ғарби Триполӣ ё Троблус гуфт, “то охирин нафас” хоҳад ҷангид ва “НАТО дар Либия марги худро хоҳад ёфт.” Фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Либия мегӯяд, Қаззофӣ ба андозаи кофӣ таслиҳот дорад, ки муддати қобили мулоҳизае муқовимат кунад. Дабири кулли НАТО, Андерс фоғ Расмуссен аз кишварҳои узв хост, барои бомбаборони ҳадафҳо дар Либия ҳавопаймои бештар бифиристанд.
XS
SM
MD
LG