Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 ҳукми ҳабси абад содир кардааст


Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, ин додгоҳ дар нимсолаи аввал 5 ҳукми ҳабси абад содир кард, ки 4 ҳукм аз онҳо ба фирориёни боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон марбут аст. Нусратулло Абдуллоев афзуд, ҳукми панҷум дар баробари шаҳрванд Мерганов гирифта шудааст, ки ҷинояткори хатарнок ва мукаррар дониста мешавад. Инчунин барои пинҳон кардани фирориён ва аз макони онҳо хабар надодан ба ниҳодҳои давлатӣ 4 шаҳрванд муҷозот шудаанд. Ёдовар мешавем, моҳи августи соли гузашта 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Бархе аз онҳо дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ ва пайгард кушта ва бархе боздошт шуданд. Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба пурсишҳои хабарнигорон дар бораи ҳамлаи норозиён ба додгоҳи Хоруғ ва парвандаи писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон посухи мушаххас надод.
XS
SM
MD
LG