Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи журналистони Тоҷикистон аз озодии Усмонов


Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз озодии хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов аз маҳбас истиқбол карданд. Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев гуфт, ниҳодҳои интизомӣ бояд ба ҳуқуқи журналистон арҷ гузоранд. Вай афзуд, хабарнигорон ҳақ доранд манбаи иттилои худро то муҳокима дар додгоҳ ошкор накунанд. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Акбарали Сатторов ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ҳар шахс бояд аз эҳтимоли бегуноҳӣ бархӯрдор бошад. Хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов рӯзи 13-уми июн бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи тундрави исломӣ боздошт шуда, дертар ин иттиҳом лағв шуд ва мақомоти амниятӣ ӯро ба огоҳ накардани онҳо аз гуфтугӯяш бо узви Ҳизби таҳрир муттаҳам карданд. Дирӯз Усмонов бо қарори Додситонии кулли Тоҷикистон ба озодӣ баромад.
XS
SM
MD
LG