Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Додгоҳи Олӣ: "Ҷавобгӯи парвандаи писарам нестам."


Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон

Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон

Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфтааст, хостори бар пояи қавонини кишвар ҳал шудани қазияи писараш аст.

Вай афзуд, тафсилоти ин парванда ба мақомоти зидахл маълум аст ва ӯ бар пояи қонун масъули кирдори писараш нест: «Писари ман хурдсол нест, синнаш аз 24 боло аст. Мустақил, оиладор, соҳиби фарзанд аст. Агар гунаҳкор бошад бигзор пеши қонун, ватан ва халқ ҷавоб гӯяд. Агар синни ӯ ноболиғ мешуд, ман ваколати ӯро доштам. Тафсилоти инро аз худи мақомоти дахлдор пурсед.»

"ПИСАРАМ ВОБАСТА БА КИРДОРАШ ҶАВОБ МЕГӮЯД."

Оқои Абдуллоев бо ин изҳороти кӯтоҳ иктифо кард, аммо пас аз он, ки як рӯзноманигор барои ин суоли ҳамкасбаш узр пурсид, раиси Додгоҳи Олӣ каме ба шӯр омад ва дигарбора ба ин мавзӯъ баргашт. Вай гуфт: «Боз мегӯям, ки ман писарамро ҳимоя накардаам ва ҳам намекунам. Ман дар ҳузури ҳамаи шумо боз мегӯям, ки вобаста ба кирдори писарам то ба ҳол ба ягон ҷо муроҷиат ҳам накардаам, ягон ахборот ҳам талаб накардаам. Ва ба ягон ахборот ҳам эҳтиёҷ надорам. Худи ӯ ҳуқуқшинос аст, мустақил аст. Ҷавобашро пеши миллату халқ мегӯяд. Содир карда бошад, мегӯяд! Аммо шумо фаромӯш накунед, ки на ҳамеша бо айби ронанда ин кор мешавад. Шумо дақиқан медонед, ки вай дар ҳолати мастӣ набуд. Умуман, ин чизҳоро дар атрофаш раҳ намедиҳад. Лекин шудааст!»

Моҳи апрели соли равон вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом дошта буд, ки Фарҳод Абдуллоев, писари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Душанбе бар асари як садамаи нақлиётӣ як зани чиниро ба ҳалокат расонд.

"НАФАРИ КУШТАШУДА ЧИНӢ НАБУДААСТ."

Аммо раиси Додгоҳи Олӣ мегӯяд, нафари кушташуда чинӣ набудааст ва расонаҳо дар ин маврид хато кардаанд. Аммо масъулини вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буданд, ки Фарҳод Абдуллоев рӯзи 12-уми апрели соли ҷорӣ савори мошини BMW Х6 Люг Жеун, корманди 46-солаи як ширкати роҳсозии Чинро пахш кард.

Дар бораи ин ва низ қазияи Фирдавс Шарифов, писари Иззатулло Шарифов, сардори Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон, ки бо мошинаш ба се духтар осеб расонда буд, чанд рӯзи қабл Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон низ изҳори назар кард.

Оқои Салимзода гуфт, мефаҳмад, ки ин ҳангомаи васоити ахбори умум ба хотири падарони онҳост, аммо бояд ба назар гирифт, ки ин ҳодисаи тасодуфӣ аст ва ба ҷумлаи ҷиноятҳои
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон

аз беэҳтиётӣ содиршуда ворид мешавад: «Ҷинояти аз беэҳтиётӣ содиршуда агарчи маҳкум ҳам шавад, ӯ ҷазоро дар колоннаҳои сукунат адо мекунад, ки аз озодӣ қариб, ки маҳрум нест. Вай озодона дар колоннаи сукунат сипарӣ ва як низоми махсусеро риоя мекунаду халос. Агар ба санадҳои авф ҳам аҳамият дода бошед, ҳамеша ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда авф мешаванд. Дар ин маврид нисбати писарони раиси Суди Олӣ ва сардори Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Парвандаи Шарипов аллакай қатъ карда шудааст, аммо парвандаи дигараш дар тафтишот аст. Боварӣ ҳаст, ки қарори қонунӣ қабул карда мешавад.»

ҲАМА ХАЛҚИ ХУДОСТ...

Иддае аз коршиносон ба дарозо кашида шудани қазияи писари раиси Додгоҳи Олиро ба шаҳрванди хориҷӣ рабт доштани парвандааш рабт медиҳанд. Ба қавли онҳо, вақте дар парванда шаҳрванди хориҷӣ матраҳ аст, мақомот маҷбуранд, ки дар доираи қонун қазияро баррасӣ кунанд.

Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, ду мавриде, ки оварда мешавад, хеле мутафовитанд ва агар дар яке, шаҳрвандони Тоҷикистон осеби ҷисмонӣ бардоштаанд, дар мавриди дигар куштор ва ҳам шаҳрванди хориҷӣ аст: «Дар пайи ҳодисае, ки ба сари писари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон омад, ҳам шаҳрванд ва он ҳам шаҳрванди Чин буд, ки дар Тоҷикистон мавқеи муассир
Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ

дорад. Шояд дар ин ҷо барои муҷозот кардани писари раиси Додгоҳи олӣ таъсир мерасонанд, аммо аз ҷониби дигар масъалаи куштори як шаҳрванд ва он ҳам хориҷӣ дар миён аст.»

Аммо изҳороти ахири Нусратулло Абдуллоев дар бораи хориҷӣ набудани нафари кушташуда дар садамаи нақлиётиро дар вазорати корҳои дохилӣ то ба ҳол шарҳ надодаанд.

"ҶАВОНОНИ ТИЛЛОӢ" ВА ДАРЗИ ИҶТИМОӢ

Ҷанбаи дигари масъала ба фароравии «дарзи иҷтимоӣ» дар Тоҷикистон ишора мекунад, ки «ҷавонони тиллоӣ» - фарзандони мансабдорон дар тасаввуроти ҷомиа афроди болотар аз қонун ҳастанд. Аммо дар гузашта мавориди муҷозот ва ба додгоҳ кашидани онҳо вуҷуд доштанд. Соли 2009 Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири вақти Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки муҷиби марги ду ва захмӣ шудани чанд пиёдагард шуда буд, ба панҷ соли зиндон маҳкум ва пас авф шуд. Намунаи дигари парвандаи ҷиноии Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон аст, ки чанд моҳ боз дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG