Пайвандҳои дастрасӣ

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ пас аз раҳоӣ, дар миёни аҳли хонаводааш қарор дорад.

Субҳи 15-уми июл, ки барои дидани ӯ ба манзилаш, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтем, аз чеҳраи Урунбой Усмонов ва аҳли хонаводааш аён буд, ки раҳоии вай дар замони тафтиши парванда ҳамаи онҳоро шоду рӯҳбаланд кардааст. Дарвозаи манзили ӯ боз буд ва ҳар лаҳза пайвандону ёру дӯстон, ҳамқаламону ҳамсоягон ба аёдати Усмонов меомаданд.


Урунбой Усмонов дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт: «Баъди раҳоӣ, боварии ман ба бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон, ки қаблан ҳам ба ин итминон доштам, қавитар шуд. Президенти кишвар - Эмомалӣ Раҳмон барои озодии ман кӯшиши зиёд карданд ва ба туфайли он ҳозир мебинед, ки дар хонаам ҳастам.»

Вай афзуд, акнун барояш шароити беҳтаре фароҳам шуда, ки саломатиашро барқарор ва табобати худро идома диҳад. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи худаш, ба сурати умум, сиҳатияш бад нест: «Умедвор ҳастам додгоҳ парвандаи маро аз рӯи адолат бозбинӣ хоҳад кард. Бо истифода аз ин имкон, ман ба ҳама ҳамкасбон, созмонҳои байналмилилаву дохилӣ, ба ҳама инсонҳои оддӣ, ки ба виҷдони пок доштани ман бовар доштанд ва маро дастгирӣ намуданд, изҳори сипос мекунам.»

Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари Урунбой Усмонов: «Мо ҳама бениҳоят хурсанд, ки шавҳарамро озод карданд. Ва миннатдорем аз президент, ки номаву хоҳиши моро ба инобат гирифтанд. Шукр, ки аз бегоҳи гузашта боз пайи қадами меҳмонон аз хонаи мо канда не.»

Раҳоии хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сиро рӯзноманигорон, аҳли зиё ва сокинони оддии аз қазияи Урунбой Усмонов огаҳ бо қаноатмандӣ қабул карданд. Ба ақидаи онҳо, ин нишони он аст, ки ба парвандаи Усмонов дар додгоҳ қонунӣ ва мунсифона расидагӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG