Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши абарқудратҳо барои тақвияти ҳузур дар Афғонистон дар меҳвари бархе аз матолиби ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор дорад.

«Имрӯз нюс» дар матлаби «Русия СҲШ -ро барои худ сохт? навиштааст, ки "азбаски дер боз Маскав ҳадафи ворид шудан ба Афғонистонро дорад, акнун мехоҳад, маҳз СҲШ -ро чун бозингари асосӣ муаррифӣ намояд.

Ба таъкиди Султон Ризоӣ, коршиноси Маркази омӯзишҳои стратегии Афғонистон, дар идомаи шадид шудани изҳоротҳои ҷониби амрикоӣ бо Кобули расмӣ, Маскав ҳавасманд аст, ки фурсатро ба нафъи худ ҳал кунад.»

Афзун бар ин, нашрия навиштааст, «барои он, ки Русия бевосита тавонад бори дигар (баъди суқути шӯравӣ) расман вориди Афғонистон шавад, ҳавасманд аст, ки ин кишварро барои узвият дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷалб кунад. Зеро дар доираи барномаи амалиёти зидитеррористӣ ворид шудан ба қаламрави Афғонистон осонтар аст. Аз ҷониби дигар даъвои Кремл ин аст, ки ҳадафаш на танҳо терроризм, балки маводи мухаддири афғонӣ низ ҳаст. Яке аз самтҳои фаъолияти СҲШ бошад, маҳз ҳамин аст.»

Ба навиштаи нашрия, «ҳадафи ниҳоии Маскав ин аст, ки «Толибон» ва дигар нерӯҳои террористӣ маҳз тавассути вай саркӯб шаванд. Зеро дар он ҳолат «роҳҳо барои ором кардани вазъият ва саркӯбии гурӯҳҳои тундгаро» дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон барои Кремл низ ҳамвор мешавад.»

«Наҷот» дар ин мавзӯъ назари Муҳаммадашраф Расулӣ, вазири мушовират дар масоили адлия ва ҳуқуқи Афғонистонро овардааст, ки мегӯяд, «Амрико дар Афғонистон ҳузур пайдо кардааст ва мехоҳад тавофуқномаеро бо давлати Афғонистон имзо кунад. Вале тарҳи дигараш чист, оё пойгоҳи доимиашро дар Афғонистон доштан бошад, дар он сурат табиист, ки ин кишвар ба зудӣ розӣ нахоҳад шуд, ки мувофиқатномаи сулҳ ба имзо бирасад. Бояд ин мавзӯъ кашол дода шавад ва беназмӣ то ҳадде идома ёбад, ки ба хостаҳои худ бирасад. Чаро? Дафъатан ҳам ин кишвар наметавонад пойгоҳи худро бисозад, ин ҷо Русия, Чин, Ҳинд ҳастанд. Ҳама манфиати худро доранд. Инҳо ҳам ба ин осонӣ қабул намекунанд, ки сулҳ шавад. Аз ин хотир мебинем, ки абъод ва тарафҳо густурда ҳастанд. Ин тавр содда нест, ки Аҳмад бо Маҳмуд бишинаду ба як тавофуқ бирасанд».

«БА ПРЕЗИДЕНТӢ АРЗАНДААНДУ...»

«Миллат» дар пасманзари баргузории анҷумани Ҳизби коммунист ва бори дигар интихоб шудани Шодӣ Шабдолов ба раёсати ин ҳизб дар матлаби «Ба президентӣ арзандаанду ба раисии ҳизб не?! Ё раисони аҳзоби сиёсӣ чаро ба истеъфо намераванд?» навиштааст, ки «мо дар Тоҷикистон аҳзобе дорем, ки шояд ҳатто сад нафар аъзо надоранд. Ва бо вуҷуди он, ки ҳизб ба ном вуҷуд дорад, вале раиси ҳизб ҷуръати аз вазифа рафтанро надорад. Баъзан ҷасорат ҳам агар пайдо кунанд, мушкилашон ин аст, ки намедонанд раисиро ба кӣ бовар кунанд? Ғайр аз худашон дигар шахсияти шинохтае дар ҳизбашон нест. Ин ҳақиқат аст. Ҳамин чанд рӯз қабл Шодӣ Шабдолов намедонам бори чандум аст, ки дар ҳисобаш раҳгум задаам, боз дар ин ҳизб раис шуд.»

Аммо нашрия менависад, «бубинед, Шабдолов дар бист соли раҳбарии ҳизбаш як рафиқе наёфтааст, ки курсии раисиро ба ӯ бовар кунад, яъне ҷойгузини хешро тайёр накардааст. Масалан оё намешуд Шабдолов раҳбарии ҳизбашро ба Исмоил Талбаков, ки қариб 12 сол муовини ӯст, ё Субҳон Сафиаллоев, раиси созмони Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе бовар кунад? Ё ин рафиқон ҳам бо расидан ба мақоми раҳбарии ҳизб бо ҳукумат ба тиҷорати мансаб менишинанд? Ва агар Исмоил Талбаков арзандаи мақоми раиси ҳизб нест, пас чаро номзадии ӯро коммунистон дар интихоботи соли 2006 ба курсии раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод карда буданд?. Ё он вақт коммунистон ҳамту як бозии сиёсӣ карда буданд?...»

«ҚАСАМИ ШАБДОЛОВ»

«Озодагон» дар матлаби «Қасами Шабдолов» анҷумани ахири коммунистҳоро ба чолиш кашида ва навиштааст, ки «ҳизби коммунист анҷумани худро дар шароити бисёр ҳассоси минтақа ва ҷаҳон даъват карда буд. Ин ҳолате аст, ки мавҷи инқилобу таҳаввулотҳо дар кишварҳои ҷаҳон, хоса мамолике, ки дар онҳо раҳбарон тӯлонӣ қудратро дар дасти худ қабза кардаанд, коҳиш намедиҳанд.»

Муаллифи матлаб аз он изҳори тааҷҷуб мекунад, ки «аҷиб буд, ки дар анҷумани коммунистони тоҷик бо кадом сабабе намояндагони сафорати Русия ширкат накардани худро беҳтар донистанд. Дар ҳоле, ки Шабдолов матни суханронии худро комилан бо забони русӣ омода карда буд ва …. намояндагони сафорати Хитой дар анҷмуман иштирок доштанд.»

Афзун бар ин, муаллиф қасами Шодӣ Шабдолов ба ҳайси раиси ҳизиб коммунистро овардааст, ки чунин аст, «Ба тамоми виҷдонам, ба тамоми ормонам қасам. То ҷон дар бадан ҳаст. То хун дар рагҳои мо ҳаст. Ба партияи коммунистӣ. Ба Давлати Советӣ, ба марксизм -ленинзм содиқ мемонаму хиёнат намекунам.»

Муаллифи матлаб менависад, ки аз ин қасами ироакардаи раҳбари коммунистҳои тоҷик то ҷое дар ташвиш шудааст, «Як бори дигар онро хонед, шояд шуморо ҳам чунин эҳсос фаро гирад. Аммо мақомоти ҳукумат эҳтимол далелҳои дигаре ҳам доранду тарси Шабдолов низ асос дорад?»

СИРҚАТ ДАР РОҒУН

«Нигоҳ» матлаби таҳлилеро ба мавзӯи сирқати маводи сӯзишворӣ аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ихтисос додааст. Ба навиштаи нашрия, як тан аз афсарони Гвардияи Миллӣ, ки масъули амнияти ин нерӯгоҳ будааст, аз роҳи тақаллубкорӣ чандин бушка соляркаро ба сирқат бурда ва дар наздиктарин истгоҳи фурӯши маводи сӯхш ба фурӯш мебаровардааст. Нашрия ба нақл аз яке ҳамсӯҳбатон навиштааст, ки «барои ошкор кардани дуздӣ як афсари Гвардияи Миллӣ ва як корманди Оҷонси мубориза алайҳи фасод аз кор ронда шуданд, аммо дуздон ҳанӯз фаъолият доранд.»

Дар интиҳои ин матлаб нашрия хулоса кардааст, ки «кишварҳои хориҷӣ аз додани қарз ё сармоягузории нерӯгоҳи «Роқун» метарсанд. Соли 2010 ҳукумат маҷбур шуд саҳмияҳои нерӯгоҳро ба фурӯш барорад, ҳудуди 200 миллион доллар аз ҳисоби мардум- донишҷӯён, коргарони оддӣ, нафақахӯрон ва дигарон ҷамъ омад. Як навори телевизион ба хотир меояд, ки як модари кӯҳансоли тоҷик гуфт, ки кафанпулиамро ба «Роғун» медиҳам. Аммо ба ин кафанпулӣ, ки салярка харида шудааст, чӣ гуна муносибат мешавад? Оё фоидаи он азобҳое, ки миллати тоҷик мебинад, ба киссаи дуздон меравад?».

КОРВОНИ ТОБУТҲОИ ТОҶИК

«Наҷот» дар матлаби дигари «Корвони тобутҳои тоҷик. Чаро чашми ҳукумат инро намебинад ва ё ба дили парлумон раҳме намеояд?» аз интиқоли тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон, ки ба навиштаи нашрия ҳар рӯз 2- 3 ҷасади ҳамватанон оварда мешавад, ба шиддат нигаронӣ ва аз амалкарди ниҳодҳои зидахли ҳукумат интиқод кардааст. Нашрия бар пояи иттилои расмӣ навиштааст, ки «давоми 6 моҳи соли равон 390 тобути шаҳрвандони кишвар аз хориҷ ба ватан интиқол дода шудаанд, ки 80 дар сади он бар мабнои марги ҷавонон мунтақил шудаанд. Бино ба омори ироа намудаи Хадамоти муҳоҷират, 75 нафар муҳоҷир иҷборан кушта шудааст ва гуфта мешавад ҳар ду рӯз 5 муҳоҷири тоҷик ҷони худро аз даст медиҳад. Мавридҳои гуногуне ҷой доранд, ки борҳо шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик аз дасти скинхедҳо ё миллатгароён кушта шудаанд.»

Нашрия бо ишора ба ин вазъ навиштааст, ки «бубинед, даҳҳо тобутро солона ба ватан меоранд, кӯдаконро даҳҳо корд мезананд, аммо садои ҳақталоше аз сӯи доираҳои зидахл, бахусус ҳукуматдорон баланд намешавад, ки ин худ сабаби шиддат гирифтани муносибатҳои хуношом бо муҳоҷирони тоҷик аст. Фикр мекунам, мавқеъгирии кунунии ҳукумат дар қиболи маргу қатли муҳоҷирин рӯҳу равони ҷомеаро фигортар намуда, аз он, ки марги як муҳоҷир.»

«МАРЗРО БОЗ КУНЕД!»

«Тоҷикистон» номаи гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Панҷакентро, ки 2366 нафар зикр шудааст, зери сарлавҳаи «Ҷаҳон метаркад...» чоп кардааст. Ин нома унвонии президентони Тоҷикистон ва Узбакистон ва ҳамчунин ба парлумонҳои ҳар ду кишвар ирао шудааст. Ин сокинон аз муддати беш аз як сол боз баста будани роҳи Панҷакен- Самарқанд изҳори ташвишу нигаронӣ карда ва гуфтаанд, ки «роҳи басташудаи Панҷакенту Самарқанд, роҳест, ки урфу одат, иеологияҳои гуногунро ба якдигар наздик мекард ва барои баланд бардоштани маданияти халқҳои ду тарафи сарҳад мусоидат мекард. Водӣ танҳо аз куҳӯ дарё иборат нест. Сокинони Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнию Панҷакент, Ургуту Самарқанду Бухоро асрҳо ҳамчун як халқ бо урфу одатҳои ягонаи худ дар водии Зарафшон умр ба сар мебурданд. Ба тӯю азои якдигар иштирок мекарданд, духтар медоданду арӯс меоварданд.»

Нигаронии сокинони ноҳияи Панҷакент аз он аст, ки баста шудани ин роҳи Панҷакенту Самарқанд, аз ҳама лиҳоз барои мардумони ин минтақа, ҳам тоҷикону ҳам узбакон зарари ҷиддӣ дорад. Бар иловаи канда шудани равобиту алоқаҳо, ин вазъ ба сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум низ таъсири амиқи худро гузоштааст. Ин аст, ки сокинони ноҳияи Панҷакент менависанд, «Аз президентҳои ҳар ду кишвар, аз парлумонҳои онҳо ва ҳукуматҳояшон талаб менамоем, ки тамоми механизми дипломатиро истифода бурда сари мизи музокирот нишинанд ва масъалаи кушода шудани сарҳадро ҳал кунанд.»

«200 ҲАЗОР АРОБАКАШӢ ТОҶИК»

«Пажвок» эҷоди маҳдудият барои тиҷорати кӯдакон, ки дар зербанди 8 Қонуни ҷадиди «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр шудаастро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки «ин қонун дар ҳоле қабул мешавад, ки ба гузориши СБК, наздик ба 200 ҳазор ноболиғ дар Тоҷикистон бо майдафурӯшӣ, мошиншӯи, ҳаммолӣ, пок кардани пойафзол ва аъмоли шабеҳи он машғул буда, бо ин роҳ рӯзгори оилаҳои худро таъмин мекунанд.»

Аммо муаллифи матлаб аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки «дар кишвар то ҳол ягон ниҳоди мустақил ё расмие, ки махсус ба ҳимояи ҳуқуқҳои наврасон равона бошад, вуҷуд надорад ва ҳуқуқи наврасон ҳама вақт бидуни ҳимоя қарор мегирад. Далели ин дар бозорҳо, яъне бозори сиёҳи меҳнат, ки наврасон ва ҷавонон бидуни риояи соати корӣ ва ноогоҳӣ аз қонунҳои меҳнат, аз субҳ то шом кор мекунанд ва аксар ҳолат бори вазнин мебардоранд ва ба ивази кори сангин музди ночиз мегиранд. Аммо то ҳол ягон ниҳод дар ин бахш аз фаъолият ё тадқиқи хеш иттилоъ надодааст.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG