Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тошканд фурӯши харбузаву тарбузро мамнӯъ кард


Шаҳрдории Тошканд фурӯши харбузаву тарбуз дар бозоҳои шаҳрро мамнӯъ эълон кардааст. Фурӯшандае дар бозори Эски Ҷуваи Тошканд, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, ба радиои Озодӣ гуфтааст, ки чунин мамониат тоҷиронро водор кардааст, ки онҳо маҳсулоти худро дар роҳҳои вурудӣ ба бозорҳо ба фурӯш гузоранд. Аския-фурӯшандаи дигар гуфтааст, ки мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи манъи фурӯши тарбузу харбуза дар 7 бозори шаҳр санаде ҳам ба имзо расондаанд.
XS
SM
MD
LG