Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигор Урунбой Усмонов шартан аз зиндон раҳо шуд


Урунбой Усмонов
Урунбой Усмонов
Дирӯз Урунбой Усмонов-хабарнигори бахши узбакии радиои Би Би Си дар Хуҷанд аз зиндоне дар ин шаҳр раҳо шуд. Вайро 13 уми июн ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт карда буданд. Вале ин ҷурм собит нашуд. Баъдтар мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтанд, ки Урунбой Усмонов бо аъзои Ҳизтуттаҳрир иртибот доштааст ва бояд аз тамосҳои худ бо аъзои ин ҳизб ба мақомоти амниятӣ хабар медод. Урунбой Усмонов баъд аз озодии шартии худ аз зиндон ба радиои Озодӣ гуфт, ба пирӯзии адолат дар Тоҷикистон бовар дошт:

“Ба адолати раҳбарони Тоҷикистон бовар доштам. Бовар мекунам, ки дар Тоҷикистон давлати дунявӣ месозанд ва ман ин ҷо бовар мекардам. Озодии ман ногаҳонӣ набуд”.

Ду рӯз пеш Шерхон Салимзода-Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, вай дастур додааст, ки Усмонов шартан аз зиндон раҳо шавад.
XS
SM
MD
LG