Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурӯҳи тамос"-и Либия дар Истамбул мулоқот мекунад


Раҳбарони шӯришиёни Либия
Раҳбарони шӯришиёни Либия
Имрӯз намояндагони кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ дар Истамбул бо раҳбарони шӯришиёни Либия мулоқот мекунанд.”Гурӯҳи тамос” талошҳоро барои канор рафтани Муаммар Қаззофӣ аз қудрат ҳамоҳанг месозад. Аммо раҳбари Либия дар шаҳраке дар 80 километрии ғарби Троблус гуфт, ки вай “то охир хоҳад ҷангид ва марги НАТО дар Либия фаро мерасад”. Фиристодаи раиси ҷумҳури Русия барои Либия гуфт, Қаззофӣ аслиҳаи зиёд, аз ҷумла мушакҳои замин ба замин дорад ва барои муддати тӯлонӣ метавонад ҷанг кунад.
XS
SM
MD
LG