Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишонаҳои DNA-и куштори Эстемирова мутобиқат накард


Наталия Эстемирова

Наталия Эстемирова

Як гурӯҳи ҳуқуқи башари Русия мегӯяд, натиҷаҳои DNA нишон медиҳад, ки ду марди муттаҳам ба куштори ҳамкори худ, ин кушторро анҷом надодаанд. Наталия Эстемирова, ки барои гурӯҳи ҳуқуқи башари “Мемориал” дар бораи нақзи ҳуқуқ аз тарафи нируҳои амниятӣ дар Чеченистон шаҳодат ҷамъоварӣ мекард, соли 2009 дар Грозний рабуда шуд. Ҷасади вайро бо чанд захми тир дар вилояти ҳамсоя пайдо карданд. Бозрасони Русия эълон карданд, ки ду бародар, аъзои гурӯҳи шӯришӣ Эстемироваро ба қатл расондаанд. Баъд аз куштори Эстемирова яке аз ин бародарон ба дасти нируҳои амниятӣ ба қатл расид. Бародари дигарӣ Анзор Башаев ба Фаронса фирор кард ва дар он ҷо паноҳандагӣ гирифт. “Мемориал” гуфт, ки намунаҳои DNA-и Анзор Башаев ба намунаҳое, ки аз либоси Эстемирова гирифта буданд, мутобиқат намекунад. Намунаҳои бародари вай ҳам мутобиқат накардааст.
XS
SM
MD
LG