Пайвандҳои дастрасӣ

FBI ба таҳқиқи "News of the World" шурӯъ кард


Руперт Мурдок

Руперт Мурдок

Бино ба гузоришҳо, FBI ё Дафтари Федеролии Таҳқиқоти Амрико расидагӣ ба иддаоҳоеро оғоз кардааст, ки гӯё ширкати хабарии Руперт Мурдок бо номи "News of the World" талош кардааст, ба сабти телефонҳои қурбониёни ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба Амрико дастрасӣ пайдо кунад. Ин иқдом дар ҳоле анҷом мегирад, ки рӯзи душанбе як рӯзномаи биритонёӣ гузориш дод, ки кормандони “"News of the World" ба афсари полиси Нию Йорк пешниҳод кардаанд, ки барои дарёфти сабти телефонҳои қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба онҳо пул пардохт кунад. Мурдок ҳафтаи гузашта нашрияи "News of the World"-и худро баст. Ин рӯзнома дар Британия пурфурӯштарин ба шумор мерафт, Иддао мешавад, ки рӯзноманигорони ин нашрия ба паёмҳои телефонии ҳазорон нафар қурбониён, аз кӯдакон то бузургсолон дастрасӣ пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG