Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Шамсов дар мавриди раҳоии Усмонов


Нуриддин Шамсов

Нуриддин Шамсов

Сафири Тоҷикистон дар Вена Нуриддин Шамсов дар номае ба Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури матбуот раҳоии хабарнигори бахши узбакии ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмоновро аломати дигари ирода ва пойбандии давлати Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳояш дар чаҳорчӯби САҲА дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва тазмини озодии матбуот номид. Урунбой Усмонов соати тақрибан шаши шоми имрӯз аз боздошт раҳо шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки қарори раҳоии Усмонов имрӯз бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, аммо ӯ то анҷоми таҳқиқи парвандааш ҳаққихуруҷ аз кишварро надорад. Урунбой Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ӯро айбдор карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир ба мақомот хабар надодааст.
XS
SM
MD
LG