Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин мусоҳибаи Урунбой Усмонов баъд аз раҳоӣ


Хабарнигори бахши узбакии ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмонов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, хабари раҳоияш барои ӯ ногаҳонӣ набуд, балки ӯ аз оғоз ба вуҷуди адолат дар Тоҷикистон бовар дошт. Оқои Усмонов дар нахустин мусоҳибааш бо матбуот ба ҳамаи он созмонҳо ва расонаҳое, ки бо эътимод ба бегуноҳии ӯ барои раҳоияш талош кардаанд, изҳори сипос кард. Урунбой Усмонов соати тақрибан шаши шоми имрӯз аз боздошт раҳо шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки қарори раҳоии Усмонов имрӯз бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, аммо ӯ то анҷоми таҳқиқи парвандааш ҳаққи хуруҷ аз кишварро надорад. Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ӯро айбдор карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир ба мақомот хабар надодааст. Боздошти Усмонов мояи интиқодҳои тунди байналмилалӣ шуд ва созмонҳои созмонҳои бонуфузе, чун САҲА, Хабарнигорони бидуни марз ва Афви байналмилалӣ, раҳоии ӯро тақозо карданд.
XS
SM
MD
LG