Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ром кардани обҳои Тоҷикистон


Струан Стивенсон, узви Порлумони Аврупо

Струан Стивенсон, узви Порлумони Аврупо

Струан Стивенсон, вакили Порлумони Аврупо, аъзои гурӯҳи консервативӣ дар Порлумони Аврупо, раиси Гурӯҳи байнипорлумонии Порлумони Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим, танаввӯи биологӣ ва рушди устувор, соли гузашта намояндаи вижаи Раиси амалкунандаи САҲА (Қазоқистон) дар масъалаҳои экология ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ буд. Вай ин матлабро пас аз сафар ба Тоҷикистон ва боздид аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун навишт.

Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба Шотландия монанд аст. Кӯҳистони зебо дорад ва ҳамсояҳои сарватманде, ки баъзан барои пирӯзӣ дар баҳсҳои сиёсӣ талош мекунанд, фишангҳои иқтисодии худро ба кор андозанд.

Ба фарқ аз Шотландия Тоҷикистон нафт ва ё газ надорад. Аммо Тоҷикистон об дорад. Зиёда аз 60 дарсади обе, ки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, ба мисли Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон истифода мекунанд, аз пиряхҳои кӯҳсори Тоҷикистон ва 900 рӯду наҳри ин кившар меояд.

Тоҷикистон ҳамчунин қашшоқтарин кишвари Осиёи Марказист. Иқтисоди онро камбуди барқ маъюб кардааст. Корхонаи бузурги ТАЛКО (Ширкати алюминии тоҷик), шашумин калонтарин чунин корхона дар ҷаҳон. барқи бе ин ҳам ками кишварро “мехӯрад”, то солона барои содирот ба кишварҳои Ғарб тақрибан ним миллион тонна алюминии хушсифат истеҳсол кунад, ба 13.000 шаҳрванди Тоҷикистон ҷойи кор диҳад ва 60 дардсади Маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллиро ба вуҷуд орад. Аммо садҳо ҳазор тоҷик маҷбур аст барои зинда мондан дар Русия ва кишварҳои дигар кори ғуломона ҷустуҷӯ кунад. Пули ҳар моҳ мефиристодаи онҳо 36 дарсади ҳайратовари Маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллиро ташкил медиҳад.

Раисиҷумҳури ғаюр ва пурнерӯи Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ғолиби ҷанги хунини панҷсолаи шаҳрвандии солҳои 1992 то 1997, ҷанге, ки ҷони 100 000 нафарро рабуд, зуҳур кард, бо ҳамин гуна мушкилот рӯбарӯст. Дар ин сифат вай шояд аз бисёр раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ қонунмандии бештар дорад, зеро бо муваффақият ба талошҳои бунёдгароёни исломӣ барои расидан ба қудрат ва Эрони хурд табдил додани Тоҷикистон мухолифат кард ва дар иваз ба равияи бештар боз ва нарми ислом бартарӣ медиҳад.

Таҳти роҳбарии ӯ Тоҷикистон худро тадриҷан аз ботлоқи мушкилиҳо берун мекашад ва ҳамзамон вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуотро беҳтар намудаву ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва оғози беҳбуди иқтисоди “пешпохӯранда” машғул мешавад.

“Ром кардан”-и нерӯи беҳудуди захирахои бузурги оби Тоҷикистон бахши калидии ин фароянд аст. Рӯди Вахш исбот кард, ки яке аз беҳтарин василаҳои расидани ба ин ҳадаф аст. Маҷрои шадид, ки бо суръат ба поён меояд, аз обшавии яхи қаторкӯҳҳои Помир сар мезанад ва дар давоми ҳазорсолаҳо он роҳи худро таввасути нишебиҳо, дараҳоҳои танг ва жарф дарёи Вахшро ташаккул медиҳад ва ин барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ бисёр мувофиқ аст.

Дар давраи Шӯравӣ сарбанди Норак аз хоку шағал сохта шуда, яке аз сарбандхои калонтарини ҷаҳон ба ҳисоб рафта, баландиаш 300 метр аст, масоҳати нигоҳдории обанбор 70 километар буда, он 9 турбинаро ба ҳаракат меорад ва солона 3000 мегаватт барқ тавлид мекунад. Дар ҳақиқат ин ҳамон сарбандест, ки ба заминҷунбиҳои 40-сола, тӯфону сел тоб овардааст ва корхонаи алюминии ТАЛКО-ро бо барқ таъмин мекунад.

Иттиҳоди Шӯравӣ аз муваффақияти нерӯгоҳи барқи обии Норак рӯҳ гирифта, тарҳи дувумин нерӯгоҳи бузургро дар фосилаи 90 километр болотар аз Норак бо номи Роғун кашид. Аз ду тарафи дарёи Вахш ба Роғун 45 километр туннелҳои зеризаминӣ каширда шуд. Корҳои зеризаминӣ оғоз гардида буданд. Вале татбиқи ин лоиҳа бинобар барҳам хӯрдани давлати коммунистӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ қатъ шуд.

Танҳо акнун кӯшиши барқарор намудани лоиҳа ва ба анҷом расонидани сохтмони сарбанди 4-миллиарддолларӣ оғоз гардид. 7000 коргар шабу рӯз меҳнати шоқа мекунанд, то туннелҳои зеризаминиро мустаҳкам намоянд, дарвозаҳои обпартоӣ, шаш турбина ва таҷҳизоти танзими обро, ки барои истеҳсоли 3600 мегаватт барқ дар сол зарур аст, насб намоянд. Шумораи зиёди мошинҳои боркаш ва булдозерҳо барои амиқ намудани обанбори табиӣ кор мекунанд, ки метавонад 13,4 километри мураббаъ обро дар чуқурии ба таври васат 400 метр нигоҳ дорад. Мақсад пур кардани ин дараи кӯҳӣ аз об ва ба даст овардани барқи кофӣ барои ҳамаи ниёзҳои Тоҷикистон ва фурӯши бақияи он ба Афғонистон ва тавассути он ба Покистон аст.

Азамати тарҳ ба андозаи кофӣ муассир аст, вале моҳияти стратегии он барои ин минтақае, ки бо ниҳояти қашшоқӣ ва ҳассосияти шадиди сиёсӣ рӯбарӯст, аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст ва дарозии сарҳад 1300 километр (830 мил)-ро ташкил медиҳад. Дар Афғонистон ва Покистони ҳамсоя аз фарти қашшоқӣ ва бекорӣ насли ҷавон ба дасти қочоқчиёни маводи мухаддир ва террористони исломӣ афтод. Интиқоли мӯътамади барқ аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо иқтисодиёти харобгардидаи минтақаро тағйир хоҳад дод ва барои шаҳрвандони азияткашидаву ҷангзада ва бебизоати он ҷойҳои корӣ ва имкониятҳои нав фароҳам хоҳад овард.

Ин ҳамон чизест, ки мо дар Ғарб бояд аз он бояд истиқбол ва ҳимоят кунем. Вале бар ивази ин мо худро дар вазъияте меёбем, ки бояд баландовозтарин мухолифи лоиҳаи гидроэнергетикии Роғун – кишвари ҳамсоя, Узбакистонро ором намоем. Узбакҳо бо сардории президенти талхҳарфи худ Каримов ба тарҳи Роғун амиқан душманӣ меварзанд ва эълом медоранд, ки сохтмони баландтарин сарбанди ҷахон дар минтақаи зилзилахез ва ҳаргуна рахнаи сарбанде бо баландии 335 метр метавонад ба кишварҳои поёноб, ба монанди кишвари онҳо пайомадҳои харобивар дошта бошад. Онҳо инчунин аз он хатар доранд, ки НОБ-и Роғун ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки маҷрои обро ба Узбакистон зери назорат бигирад, бавижа ки ин об дар мавсими тобистон барои обёрии пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар Узбакистон истифода мегардад. Мавқеи душманонаи Узбакистон нисбат ба лоиҳаи Роғун бо эътирозҳо, бастани сарҳад, буридани муносибатҳои тиҷоратӣ инъикос меёбад. Бо супориши президент Каримов шабакаи барқ, ки Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ васл менамуд, барҳам зада шуд.

Соли гузашта президент Каримов талаб кард, ки коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи Роғунро таҳқиқ ва ташхис намоянд. Тоҷикистон ин пешниҳодро пазируфт ва айни ҳол ду муҳандиси ботаҷриба дар маҳалли сохтмон тамоми ҷанбаъҳои онро мемӯзанд. Онҳо дар муддати аз 12 ва 18 моҳ ҳеҷ гуна натиҷаҳои ниҳоиро пеш нахоҳанд гузошт, вале дар ин байн Узбакистон ҳушдор дод, ки дигар натиҷаҳои ташхиси Бонки Ҷаҳониро дар мавриди Роғун мусбат бароянд, онҳоро ба эътибор нахоҳад гирифт.

Агар маҷрои об масъала аст, тоҷикон қайд мекунанд, ки ҳаргиз пешӯи роҳи оби кишварҳои ҳамсояи поёнобро нагирифтаанд ва нахоҳанд гирифт. Он мегӯянд, дар ҳар сурат Роғун болотар аз обанбори Норак сохта мешавад ва пур кардани он 17 сол вақт мегираду ба ҳеҷ ваҳҷ таъсире ба кишварҳои поёноб ба монанди Узбакистон нахоҳад дошт. Онҳо ҳатто таъкид мекунанд, ки рӯди Вахш аслан ба Узбакистон ҷорӣ намешавад. Нигаронӣ аз заминҷунбӣ низ беасос аст, зеро Роғун айнан ба монанди Норак сохта мешавад, ки аз озмоиши замон гузаштааст.
Тоҷикон ҳамчунин шикастани шабакаи воҳиди барқии минтақаро як беандешагӣ номиданд. Тоҷикистон дар фасли тобистон нерӯи изофии барқ дошт ва метавонист, онро ба нархи арзон ба Узбакистони ҳамсоя бифурӯшад. Ин ба Узбакистон имконият медод, ки нафт ва гази гаронбаҳои худро сарфа кунад ва бифурӯшад.

Дар ивази ин узбакхо маҷбур шудаанд, ки ба нерӯгоҳҳои нави барқии нафтӣ ва газӣ маблағгузорӣ намоянд ва истеҳсоли барқро барои талаботи дохилӣ ба роҳ монда, сӯзиши пурталафоти ангидриди карбонро, ки ба табиат зарар мерасонад, идома диҳанд.

Чунин далелҳо хашмоваранд. Ҳама розиянд, ки то омода шудани гузориши ниҳоӣ ва мушаххаси коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ маҷро дар рӯдхонаи Вахш бояд баста нашавад ва дар ин байн корҳо бо суръати баланду ба умеди натиҷаҳои мусбат пеш пераванд.

Дар умқи туннели Роғун дар аввали моҳи ҷорӣ садои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баланд шуд, ки хитоб кард: «Ҳар касе, ки ба қатъ намудани ин лоиҳа кӯшиш кунад, дар назди Худованд ҷавоб хоҳад дод!» Барои миллионҳо нафар одамон, ки ба барқи Роғун ниёзманданд, ин суханон пайғамбаронаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG