Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Рабиев: “Муборизаи асосӣ дар пеш аст.”


Tajikistan/Dushanbe -- Yusuf Rabiev, the captain of tajik football team '' Istiqlol", 14July2011
Tajikistan/Dushanbe -- Yusuf Rabiev, the captain of tajik football team '' Istiqlol", 14July2011

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа тамрин мекунад, ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Сурия омодагӣ мебинад.

Бозии аввали сабқати интихобӣ миёни дастаҳои Сурия ва Тоҷикистон 23-юми июл дар Урдун ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Пӯлод Қодиров 18 футболбоз шомил аст, ки 11 нафари онҳо аз тими «Истиқлол»-и Душанбе мебошанд. Ҳамлагар Юсуф Рабиев, капитани дастаи “Истиқлол”, дар тими миллии Тоҷикистон низ ин вазифаро ба ӯҳда дорад.

Юсуф Рабиев ва бозигари “Хайр” Мирзобек Мирзоев бо 12-голӣ дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот пешсафанд.

Хабарнигори "Озодӣ" бо Юсуф Рабиев гуфтугӯе анҷом додааст, ки ин ҷо бишнавед:



XS
SM
MD
LG