Пайвандҳои дастрасӣ

Коршикании даҳҳо вакили мудофеъ дар Қӯрғонтеппа


Бинои Раёсати мушовараи вакилони дифоъ дар вилояти Хатлон

Бинои Раёсати мушовараи вакилони дифоъ дар вилояти Хатлон

Раёсати мушовараи адвокатҳои Хатлон ба нишони эътироз аз амалкарди мақомот фаъолияти худро боздоштаанд.

Ғулом Бобоев, раиси коллегияи адвокатҳои вилояти Хатлон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо "Озодӣ" гуфт, бо берун кардани ҳайати 22-нафараи адвокатҳо аз коргоҳи доимии худ, шаҳрдории Қӯрғонтеппа
Раиси маслиҳатхонаи ҳуқуқии Қӯрғонтеппа, мегӯяд,
то он замон ки адвокатураи маҳаллӣ соҳиби коргоҳи нав нагардад, адвокатҳо наметавонанд ба таври расмӣ фаъолият кунанд...

қонунҳои ҷории кишварро нақз карда, монеи фаъолияти муназзами маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мушовараи адвокатҳои Хатлон наздик ба 80 адвокати ҳирфаиро гирди ҳам овардааст ва ин мушовара дар биное, ки ҳоло бо қарори ҳукумати маҳаллӣ тахриб мешавад, дар 38 соли ахир маскун буд.

Ҳуқуқшиносон дар ин ҷо солона ба ҳазорон корафтода хизмат расонида, ба буҷаи маҳаллӣ садҳо ҳазор сомонӣ ворид мекардаанд.

Ғулом Бобоев
Ҷаноби Бобоев афзуд: "Бар асоси ислоҳҳои ворида дар қонуни адвокатура, кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва ишораҳои президент дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳатман барои адвокатураҳо ҷойи кор ташкил кунанд. Ин коргоҳҳо бояд дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воқеъ бошад, ё дар назди додгоҳ, пулис ва додситонӣ. Ин гуна шароит барои мо нест. Ҳоло 22 адвокати мо дар берун монданд. Тамоми ашёҳои корӣ, мизу курсӣ, ҳама ҳуҷҷатҳои расмӣ, расидҳо, санадҳои муҳосибӣ ва дигар маводи лозимии адвокатура дар кӯча мондааст. Куҷо барем?"

Ба гуфтаи Бобоев, адвокатураи Хатлон маблағи кофие дар ихтиёр надорад, ки дар маҳалли дигаре барои худ коргоҳи нав бунёд кунад.

Вале шаҳрдории Қӯрғонтеппа мегӯяд, биное, ки дар он раёсати мушовараи адвокатҳои Хатлон ҷойгир буд, танҳо сохтмони давлатӣ дар Қӯрғонтеппа буда, 50 илло 60 сол қабл бунёд шудааст.

Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа
Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар маҳалли ин бинои қадимӣ як бинои 15-ошёнаи маскунӣ бояд бунёд ёбад ва қарор аст, санги пойдевори он ояндаи наздик аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.

Сафари раисиҷумҳур ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар авоили моҳи август дар назар аст. Ба ин хотир, мақомоти ҳукумат оҷилан ба тахриби ин маҳал шурӯъ кардаанд, то шароитро барои сохтмони ин бинои 15-ошёна дар яке аз хиёбонҳои марказии Қӯрғонтеппа фароҳам кунанд. Ҷаноби Самиев гуфт, берун кардани раёсати адвокатҳои Хатлон аз бинои кориашон ангезаи сиёсӣ надорад.

Аммо дар муқобил шаҳрдории Қӯрғонтеппа барои адвокатҳо бинои нав ва ё коргоҳи дигаре муҳайё накардааст. "Аксари биноҳо хусусӣ карда шудаанд, биноан касе намехоҳад адвокатураи Хатлонро дар бинои худ ҷой диҳад. Ин табиист ва на мо ва на ҳукумат касеро маҷбур карда наметавонад, ки адвокатураро ҷой бидиҳад",-мегӯяд Ғулом Бобоев, раиси мушовараи адвокатҳои Хатлон.

Маҳмудалӣ Алимардонов
Мутаваққиф шудани фаъолияти адвокатураи Қӯрғонтеппа ҳоло мақомоти додситонӣ ва додгоҳҳои минтақаро ҳам нигарон кардааст. Ин амр монеи кори ниҳодҳои интизомию тафтишотӣ шудааст. Зеро онҳо мегӯянд, вақте адвокатҳо сари кор нестанд, корҳои марбут ба парвандаҳо, бозпурсии афроди муттаҳам ё боздошти гумонбарон низ мушкил хоҳад шуд.

Маҳмудалӣ Алимардонов, додситони низомии минтақаи Қӯрғонтеппа, дар ин иртибот гуфт: "Мутаваққиф шудани фаъолияти адвокатура, албатта, таъсири худро ба кори мо мерасонад. Чунки фаъолияти мо бевосита ба тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ вобастагӣ дорад. Тафтиши парвандаи ҷиноӣ бе ҳузури адвокат аслан дуруст нест. Бе адвокатура фаъолият кардан хеле душвор аст ва умед мебандем, ки ин проблема муваққатӣ аст ва ҳукумати Хатлон ин мушкилро ба зудӣ ҳал хоҳад кард."

Дар ҳамин ҳол, коршинос Рустам Сафаров мегӯяд, адвокатҳое, ки тавассути иҷозатномаи Вазорати адлия фаъолият мекунанд, наметавонанд, бори коллегияи адвокатҳоро бикашанд.

Ба гуфтаи ӯ, "онҳо ғолибан, ба шаҳрвандон танҳо бар ивази маблағи муайяне хизмат мерасонанд, аммо агар нафаре, ки имкони молии пардохти хизмати адвокатҳоро надорад, давлат аз ҳисоби коллегияи адвокатҳо ба чунин нафарон ҳимоятгар киро мекунад. Аз ҷониби дигар, арзонтарин хизматрасонии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро адвокатҳои маслиҳатхонаи ҳуқуқии Қӯрғонтеппа мекунанд. Масалан, барои як корафтода танҳо 200 сомонӣ нархи хизматрасонӣ муқаррар шудааст ва 98 сомониаш ба маоши адвокат мегузараду халос. Бо назардошти шароити имрӯза, ин нархи хеле арзон аст."

Вале Ғулом Бобоев, раиси маслиҳатхонаи ҳуқуқии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, то он замон ки адвокатураи маҳаллӣ соҳиби коргоҳи нав нагардад, адвокатҳо наметавонанд ба таври расмӣ фаъолият кунанд. Тавқифи кори адвокатҳо бошад, метавонад сабаби дарҳам задани ҷараёни тафтиши садҳо парванда ва тӯлонӣ шудани баҳсу баррасиҳои додгоҳӣ дар минтақа шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG