Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори ББС Урунбой Усмоновро озод карданд


Хабарнигори бахши узбакии ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмоновро соати тақрибан шаши шоми имрӯз аз боздошт раҳо карданд. Қарори раҳоии ӯро имрӯз додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода имзо кард. Муҳаммадҷон Хайруллоев, сухангӯи додситонии кулл гуфт, ин қарор бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон содир шудааст. Усмонов аммо то анҷоми таҳқиқи парвандааш ҳаққи тарки қаламрави кишварро нахоҳад дошт. Урунбой Усмонов, ки барои бахши узбакии ББС аз вилояти Суғд гузориш медод, рӯзи 13 июн бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ӯро айбдор карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир ба мақомот хабар надодааст. Боздошти Усмонов мояи интиқодҳои тунди байналмилалӣ шуд ва созмонҳои бонуфузе, чун САҲА, Хабарнигорони бидуни марз ва Афви байналмилалӣ, ва сафоратҳои хориҷии мустақар дар Душанбе раҳоии ӯро аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мекарданд.
XS
SM
MD
LG