Пайвандҳои дастрасӣ

Ш.Салимзода: "Усмонов то поёни рӯз озод хоҳад шуд"


Урунбой Усмонов

Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфт, ки имрӯз ба қарори раҳоии Урунбой Усмоновро имзо кардааст ва хабарнигори ББС то поёни ҳамин рӯз озод хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Салимзода, Усмонов аммо то анҷоми таҳқиқи парвандааш ҳаққи тарки қаламрави кишварро нахоҳад дошт. Урунбой Усмонов, ки барои бахши узбакии ББС аз вилояти Суғд гузориш медод, рӯзи 13 июн бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ӯро айбдор карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир ба мақомот хабар надодааст. Боздошти Усмонов мояи интиқодҳои тунди байналмилалӣ шуд ва созмонҳои бонуфузе, чун САҲА, Хабарнигорони бидуни марз ва Афви байналмилалӣ, ва сафоратҳои хориҷии мустақар дар Душанбе раҳоии ӯро аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мекарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG