Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими раҳоии Урунбой Усмонов имзо шудааст


Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода қарори раҳоии Урунбой Усмоновро имзо кардааст. Бино ба гузориши ББС, хабарнигори бахши узбакии ин шабака дар вилояти Суғд таҳти шароити вижа раҳо ёфта, шояд то поёни имрӯз ё фардо озод шавад. Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн ибтидо бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Баъдан ӯро айбдор карданд, ки дар бораи фаъолиятҳои Ҳизб-ут-Таҳрир ба мақомот хабар надодааст.
Боздошти Усмонов мояи интиқодҳои тунди байналмилалӣ шуд ва созмонҳои бонуфузе, чун САҲА, Хабарнигорони бидуни марз ва Афви байналмилалӣ, ва сафоратҳои хориҷии мустақар дар Душанбе раҳоии ӯро аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мекарданд.
XS
SM
MD
LG