Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли дастикам 8 эътирозгари дигар дар Сурия


Ба гуфтаи фаъолон, нирӯҳои амниятии Сурия дар идомаи саркӯбии мусаллаҳонаи эътирозҳо тайи 24 соати гузашта дастикам 8 нафарро ба ҳалокат расонда, даҳҳо тани дигарро боздошт кардаанд. Дастикам 7 нафар дар ҷараёни амалиётҳои шоми гузашта дар мавзеъи Ҷабал-аз-Зовия дар вилояти шимолии Идлиб кушта шуданд.
Қатлҳои ахир бахше аз маъракаи саросарии саркӯбии ошӯбҳои зидди режими раисиҷумҳури Сурия Башшор Асад аст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Асад ба иллати иҷро накардани ваъдааш ба анҷоми ислоҳоти демократӣ машрӯъияти худро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG