Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ду скинҳед дар Хабаровск ба додгоҳ рафт


Акс аз як раҳпаймоии скинҳедҳо дар Маскав

Акс аз як раҳпаймоии скинҳедҳо дар Маскав

Парвандаи ду ҷавони қавмгарои рус дар вилояти Хабаровск ба додгоҳи ин минтақаи Сибири Русия ирсол шудааст. Тафтишот мегӯяд, ин ду ҷавон дар моҳи ноябри соли гузашта дар заминаи адовати қавмӣ бо корд ба ду муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбакистон ҳамла кардаанд. Шаҳрванди тоҷик бо вуҷуди ҷароҳатҳои вахим ҷон ба саломат бурд, вале муҳоҷири узбак кушта шуд. Тафтишот мегӯяд, ин ду ҷавони яке 18- ва дуввумӣ 21-сола пайрави ҷунбиши скинҳедҳо будаанд. Онҳо ба куштору авбошӣ ва латукӯби афрод дар заминаи адовати қавмиву ақидатӣ айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG