Пайвандҳои дастрасӣ

Мизони таваллуд дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст


Мизони таваллуд дар Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои 90 қариб 2 маротиба коҳиш ёфтааст. Шералӣ Раҳматуллоев, раҳбари идораи модару кӯдак ва танзими оила дар вазорати ҳифзи сиҳҳат гуфт, агар дар солҳои 90 ҳар хонавода ба ҳисоби миёна 6,7 кӯдак дошт, феълан ин нишондиҳанда 3,7 кӯдак дар ҳар оиларо ташкил медиҳад. Оқои Раҳматуллоев чунин таҳаввулро аломати ба зеҳни мардуми тоҷик роҳ ёфтани фарҳанги танзими оила номид. Ӯ афзуд, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 96 982 тифл ба дунё омадааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 000 камтар аст.
XS
SM
MD
LG