Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Роғун дар сохтмони парлумони Аврупо


Струан Стивенсон
Струан Стивенсон
Ахиран дар як чорабинӣ дар парлумони Аврупо тарҳи нирӯгоҳи Роғун баҳс шудааст. Ин маърака бо ибтикори вакили ин парлумон Струан Стивенсон ва сафорати Тоҷикистон дар ИА ташкил шуда буд. Стивенсон, ки аз ҳомиёни тарҳи Роғун маҳсуб мешавад, дар бораи боздиди ахираш аз маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон – ва ҳам дидораш бо раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат кардааст.
Тоҷикистон нирӯгоҳи Роғунро як тарҳи барояш ҳаётан муҳим медонад ва ба дунболи чанд соли талошҳои бенатиҷа барои пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ ба шурӯъи мустақилонаи сохтмони ин нирӯгоҳ иқдом кардааст. Кишварҳои поёноби минтақа, бахусус Узбакистон, мухолифи тарҳи Роғунанд, чунки тарс доранд, ки бо сохта шудани он заминҳои кишти кишварҳои поёноб беоб хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG