Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Роғун дар маҳфили вакилони порлумони Аврупо


Вакилони порлумони Иттиҳоди Аврупо аҳамияти минтақаии нерӯгоҳи барқи обии Роғунро баррасӣ карданд.

Ин ҳамоиш бо ибтикори вакили порлумони Иттиҳоди Аврупо Струан Стивенсон ва сафорати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо баргузор шудааст.

Стивенсон, ки аз ҳомиёни тарҳи Роғун маҳсуб мешавад, дар бораи
Иқтидори
нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод...
боздиди ахираш аз маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон – ва ҳам дидораш бо раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст дар баробари вакилони парлумони Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии ИА ва донишмандон ҷамъ омадаанд.

Струан Стивенсон (аз тарафи чап) ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ", Фарҳоди Милод. Моҳи майи соли 2011
Ҷаноби Стивенсон гуфтааст, баҳсҳои перомуни бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун асоси илмӣ надошта, балки ҳамаи ин баҳсҳо олуда бо сиёсатанд.

Инчунин таъкид шуда, ки сохтмони Роғун натанҳо ба манфиати Тоҷикистон, кишвари фақири Осиёи Марказӣ, балки ба манфиати кишварҳои дигари минтақа ва ҳам Покистону Афғонистон хоҳад буд.

Дар ин нишаст сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо, Рустамҷон Солиев низ иштирок карда ва гуфтааст, ки кори сохтмони нерӯгоҳи Роғун комилан шаффоф буда, ҳоло ташхиси фаннӣ ва экологии онро Бонки Ҷаҳонӣ ба ӯҳда дорад.

Тоҷикистони ташнаи нерӯи барқ, ки дар тӯли 6 моҳи фасли сармо ва оғози баҳор ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯст, эҳдоси нерӯгоҳи Роғунро барои худ ҳаётан муҳим медонад.

Вале кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба тарҳи Роғун мухолифат варзида мегӯянд, сохта шудани ин нерӯгоҳ боис ба камбуди об барои майдонҳои кишт шуда, вазъи зистмуҳитиро низ метавонад хароб кунад.

Мақомоти Узбакистон дар машварат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ки ҳамакнун ташхиси тарҳи сохтмони Роғунро ба ӯҳда дорад, гуфтаанд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шудааст. Ба қавли мақомоти Узбакистон, барои бунёди Роғун маҳалли ба истилоҳ ларзонаке интихоб шудааст, ки хатари заминларзаҳоро меафзояд ва намак дар таркиби обро зиёд мекунад.

Дар сурати коҳиши маҷрои об ба гуфтаи коршиносони ӯзбак, солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Дигар ин ки коршиносони Узбакистон, ки тақрибан 20 сол аз ҳаққи дидани Роғун маҳрум будаанд, бисёр мехоҳанд, ба чашми худашон нерӯгоҳро бубинанд.

Дар зимн, иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG