Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров аз барномаи ҳастаии Эрон ҳимоят мекунад?


Сергей Лавров ва Ҳилларӣ Клинтон

Сергей Лавров ва Ҳилларӣ Клинтон

Русия мегӯяд, бояд қадам ба қадам шаку шубҳаҳои байналмиллалӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон аз миён бурда шавад. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ҳар вақт Теҳрон ба савол ё нигаронии Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ бо қаноатмандӣ ҷавоб додааст ва ба ин арзиш бояд қоил шуд, ба шумули мунҷамид сохтани баъзе таҳримҳо. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба таври мустақим ба ин пешниҳоди Лавров посух надод, вале гуфт, ки Вошингтон хатти машши худро барои ворид овардани фишор роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи Эрон идома медиҳад. Теҳрон мегӯяд, ки омода аст, музокирот бо аъзои доимии Шӯроии Амнияти СММ ва Олмонро оғоз кунад, ба шарти ин ки ҳақи Эрон барои ғанисозии уран эътироф шавад.
XS
SM
MD
LG