Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти тадбирҳои зидди тиф дар манотиқи марзии Тоҷикистон


Аъзам Мирзоев-муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, Тоҷикистон дар манотиқи марзии худ бо Афғонистон тадбирҳои зидди бемории тифро тақвият додааст. Ба гуфтаи вай, барои назорат бар вазъ ба манотиқи марзӣ аз Душанбе коршиносони беҳдоштӣ фиристода шудаанд. Мирзоев гуфтааст, бино ба мушоҳидаҳо дар қаламрави Афғонистон беморие пайдо шудааст, ки ба бемории тиф шабоҳат дорад. Аз марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон бештар тоҷирони ҳар ду кишвар рафту омад мекунанд. Дар бораи пайдоиши беморие дар Афғонистон дар матбуоти ҷаҳон низ хабарҳо ба нашр расидааст.
XS
SM
MD
LG