Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи транзити колоҳо аз хоки Узбакистон боло меравад


Ҳукумати Узбакистон бо қарори худ аз 1 июли соли ҷорӣ нархи ҳаракати транзитии нақлиёти хориҷӣ аз қаламрави худро 15,21 дарсад боло бурдааст ва акнун он ба 265 доллар расидааст. Ба ин навъи нақлиёт автомашинаҳои борбар ва автобусҳои мусофирбар дохил мешаванд. Нархи ҳаракати тарнзитии нақлиёти Тоҷикистон 14,56 дарсад боло рафтааст, ки акунун 118 доллар мебошад. Барои нақлиёти муттааллиқ ба Туркманистон, ки ба Тоҷикистон бор мебарад нархҳо боло нарафтаанд ва мисли пешин боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG