Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Русия чанд мувофиқатнома имзо карданд


Сергей Лавров ва Ҳилларӣ Клинтон
Сергей Лавров ва Ҳилларӣ Клинтон
Вазирони корҳои хориҷаи Амрикову Русия Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров дар Вошингтон чанд мувофиқатнома имзо карданд. Яке аз ин мувофиқатномаҳо аз ҳар ду ҷониб тақозо мекунад, ки 34 тон урани барои аслиҳа ғанишудаи худро аз байн бибаранд. Ин миқдор уран барои иҷоди 17 000 аслиҳа кифоят мекунад. Санади дигар ба фарзандхонд қабул кардани кӯдакони Русия аз тарафи хонаводаҳои амрикоӣ иртибот дорад, то ҳукумати Амрико ин масъаларо зери назорат бигирад. Соли 2010 баъд аз танҳо бозгардонидани як кӯдаки 7 солаи рус аз тарафи модархонди амрикоиаш Лавров таҳдид карда буд, ки Русия ба фарзандӣ гирифтани кӯдакони русро мамнӯъ эълон мекунад. Санади дигари ҳамкорӣ дар бораи назорати бештар бар хатҳои парвоз мебошад.
XS
SM
MD
LG