Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Беларус даҳҳо тазоҳуркунандагонро боздошт карданд


Боздоштҳо дар Минск

Боздоштҳо дар Минск

Бино ба гузоришҳо, дирӯз мақомоти интизомии Беларус даҳҳо нафар ширкаткунандагони тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ дар Минск ва шаҳрҳои дигари ин кишварро боздошт кардаанд. Ин тазоҳурот дар посух ба даъвати гурӯҳи интернетии “Инқилоб тавассути шабакаи иҷтимоӣ” баргузор шуд. Бино ба гузоришҳо, то оғози тазоҳурот полис ва нируҳои амниятӣ хиёбонҳо ва маҳаллоти баргузории тазоҳуротро пур карда буданд ва қабл аз тазоҳурот ба боздошти одамон оғоз карданд. Гурӯҳи ҳуқуқи башари Беларус бо номи Виясна мегӯяд, қабл аз оғози тазоҳурот дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ чанд муддат дар қаламрави кишвар қатъ шуд. Ҳафтаи гузашта барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозии зиддидавлатӣ дар Беларус дастикам 130 нафар маҳкум ба зиндон ё ҷарима шуданд.
XS
SM
MD
LG