Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дамои ҳаво дар Тоҷикистон поинтар аст


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво нисбат ба ду-се рӯзи пеш 2 то 3 дараҷа поинтар хоҳад буд.

Масалан, дар водии Вахш, ки ҳарорат болотар аз 40 дараҷа буд, имрӯз 33-39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб гармии ҳаво тақрибан баробар аст ва 31-37 дараҷа пешбинӣ шудааст.

Дар Хуҷанд ҳаво 30-33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шарқи Бадахшон ҳарорати ҳаво ба 15-20 ва дар ғарб ба 21-26 хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG