Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Исломобод аз мутаваққиф шудани кӯмаки ИМА


Юсуф Ризо Гелонӣ
Юсуф Ризо Гелонӣ
Мақомоти Покистон имрӯз бори аввал нигаронии худ дар робита ба мавқуф гузошта шудани ироаи 800 миллион кӯмаки Вошингтон ба Исломободро иброз доштанд.

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, имрӯз дар шаҳри Кветта, маркази вилояти Балуҷистон гуфт, ки ИМА дар бораи мутаваққиф кардани ироаи ин кӯмак расман Исломобдро огаҳ насохтааст.

Ин изҳорот ба думболи он нашр шуд, ки имрӯз раиси хадамоти кашфи Покистон Аҳмад Шуҷоъ Пошо бо як сафари қаблан эълоннашуда вориди Вошинтон гардид.

Хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки чанд рӯз пеш ИМА пардохти сеяки кӯмаки молиявии ду миллиарддолларӣ ба Покистон ба хотири мубориза бо терроризмро мутаваққиф кардааст. Ба иттилоъи низомиёни покистонӣ, генерал Шуҷоъ Пошо бо ҳамтоҳои амрикоии худ мавзӯъи ҳамоҳангӣ дар фаъолияти хадамоти кашфи ду кишварро баррасӣ мекунад.

Муносибати Вошингтон ва Исломобод баъд аз амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ барои маҳви Усома бин Лоден дар шаҳри Абботободи Покистон ба сардӣ гароидааст.
XS
SM
MD
LG