Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди ҲДТ ҷиҳати эътои унвони Қаҳрамони миллӣ ба Қадриддин Аслонов, номи ӯро дубора вирди забонҳо кард.

Пайвандони Қадриддин Аслонов умедворанд, ки дар ниҳоят ба нақш ва хидматҳои ӯ дар Тоҷикистон арҷ хоҳанд гузошт. Аммо қазияи қатли Аслонов дар поёни соли 1992 ҳамчунон мармуз ва дар пардаи ибҳом боқӣ мемонад.

МАЗОРЕ ДАР КАНОРИ ПАРТОВГОҲИ СОБИҚ

“Эй фалак, бурдӣ зи ман ганҷу файзи хонаро,
Сураи Ёсин бихонему шафоат аз Худо.”

Ин байт дар санги мазори Аслонов дар канори партовгоҳи собиқи Табақчӣ, дар километри ҳафтуми роҳи Сарбанд –Данғара ҳаккокӣ шудааст. Дар ин санг зодрӯзи ӯро, ки 29 майи соли 1947 аст, низ ҳаккокӣ кардаанд, вале таърихи маргаш нест. Касе, ҳатто пайвандонаш, рӯзи қатли Аслоновро дақиқ намедонанд.



Маҳалли дафни ҷанозаи Аслоновро ба фарзандонаш ҳам баъди чанд соли қатли ӯ Сангмаҳмад Саримсоқов, як сокини Сарбанд ошкор кард. Сангмаҳмад Саримсоқов, ки ҳоло 86 сол дорад, мегӯяд, Қадриддин Аслоновро ӯ худ дар канори партовгоҳи Табақчӣ ба хок супурдааст: “Соли 1992 ё 1993, дар ҳамон давраҳои кашмакаш буд. Ман мурдаашро аз “Селхозтехника”-и шаҳри Сарбанд овардам. Онҷо штаби ҷанговарон буд. Ман вақте рафтам, ки ӯ ба ҳалокат расида буд. Аз кундаи синаи чапаш як тир хӯрда буд. Ман надидам, ки ӯро кӣ кушт. Аммо мо, ки пеш дар давраҳо бо ҳам нишаста будему якдигарро мешинохтем, ман мурдаашро овардам ва бо ҳамсояҳо намози ҷанозаашро хонда, гӯрондам, ки ягон вақт ягон бачааш ё ягон духтараш моро суроғ мекунанд. Дар ҳақиқат, омаданд, рафтем, мазорашро зиёрат кардем ва ҳамаи воқеаро ба хешу табораш гуфтам. Дигар бо онҳо хешу табор шудаем ва рафтуомад дорем.”

Сангмаҳмад Саримсоқов афзуд, дар партовгоҳи Табақчӣ дар канори мазори Қадриддин Аслонов ҷанозаи боз даҳҳо қурбонии дигари кашмакашҳои соли 1992 макони охират пайдо кардаанд: “Як гап занам, ҳамаи он мурдаҳоро ман дар як ҷои махсус, ки дар баландист, бо дасти худам гӯр кардаам. Аз раҳу рӯ ҳам ёфтам, бурда гӯрондам, аз штаб ҳам, ки ёфтам, ҳамон ҷо мебурдам.”

КӮЛОҲИ МОНОМАХ, КИ БА АСЛОНОВ ВАЗНИНӢ КАРД

Қадриддин Аслонов соли 1947 дар ноҳияи Ғарм ба дунё омада, донишкадаи кишоварзиро хатм кардааст.Тайи солиён дар мақомҳои мухталифи раҳбарӣ дар водии Вахш кор карда, дар поёни солҳои 80 ба симати котиби кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон расид. Вақте номзадии Аслонов дар кумитаи марказии КПСС дар Маскав тасвиб мешуд, чизе ки бештар аз ҳама аҳли Кремлро муттаассир кард ва барои чанд рӯз мавзӯъи аввали сӯҳбатҳои мақомоти Сека шуд, 8 фарзанд доштани ӯ будааст.

Соли 1990, дар айёми бозсозӣ, ки ҳизби коммунист ба Шӯроҳо ваколати бештар дод, Қадриддин Аслонов муовини раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва баъди ба мақоми раёсатҷумҳурӣ гузаштани Қаҳҳор Маҳкамов, раиси парлумони вақти ҷумҳурӣ интихоб шуд. Баъди суқути ГКЧП, ки истеъфои Маҳкамовро низ дар пай овард, Қадриддин Аслонов ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ кафили раёсатҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Муҳимтарин асноде ки ӯ дар ин симат ба имзо расонд, Эъломияи истиқлоли Тоҷикистону ҳазфи сифатҳои “шӯравиву сотсиалистӣ” аз исми ин кишвар дар таърихи 9

сентябри соли 1991 ва ҳам қарори манъи фаъолияти ҳизби коммунист ва мусодираи молумулкаш дар таърихи 21 сентябри ҳамон сол буд. Қарори ахир ҳамроҳ бо кандани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе бо қарори шаҳрдори вақти пойтахт Мақсуд Икромов эътирози коммунистҳоро ба бор овард, ки дар натиҷа фардояш Аслонов таҳти фишори аксарияти коммунистии парлумон бо ин сухани таърихиаш, ки “Кӯлоҳи Мономах ба сари ман вазнинӣ кард”, истеъфо дод.

Барои дарёфти иттилоъи бештар дар бораи ҳаводиси тирамоҳи соли 1991 рӯи хутути зерин нохун занед:

http://www.ozodi.org/content/article/606249.html

http://www.ozodi.org/content/article/606272.html

http://www.ozodi.org/content/article/606464.html

http://www.ozodi.org/content/article/606495.html



МАЪМУРИЯТ БА ВОДИИ МАРГ

Аслонов баъди тарки мақом, номзадиашро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳам гузошт, вале ноком шуд. Ӯ ба дунбол тақрибан як сол раиси хоҷагии ҷангали Тоҷикистон буд ва дар тирамоҳи соли 1992, замоне, ки идораи вазъ дар вилояти Қӯрғонтеппа аз назорат хориҷ шуда, ба дасти гурӯҳҳои худсари силоҳбадаст гузашта буд ва хеле аз шахсиятҳои матраҳи он замон аз мақоми раёсати ин вилоят даст кашиданд, ин масъулиятро пазируфт ва ба водии Вахш рафт.

Зулхумор, ҳамсари Қадриддин Аслонов, мегӯяд, касе ба ин тасмими ӯ розӣ набуд: “Хеле ҷанг кардам бо ӯ, вале гапамро гӯш накард. Вагарна ҳамон вақт визааш омада буд, бояд Германия мерафт. Ҳар қадар гуфтамаш, гуфт, агар ман инҷо нараваму хориҷа биравам, шояд бигӯянд, ки гунаҳкор будааст, ки гурехт. Аз хона 16-уми октябри соли 1922 баромад ва бо ҳамон рафт. 27 октябр буд рафтагиаш рафт. 26 ё 27 октябр буд, дар ҳамон рӯзҳое, ки Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе даромада буд, телефон кард. Гуфтам, набиё, ки инҷо ҷанг аст, ягон фалокатат мекунанд. Кошки, меомад. Айби худам шуд, ки гуфтамаш, набиё. Аз куҷое буд, ки озодона гап зада наметавонист. Бо ҳамаи бачаҳо гап заду дигар надидемаш.”

Қадриддин Аслонов дар моҳи ноябри соли 1992, вақте барои ҳалли як муноқишаи байни тоҷикҳову узбакҳо ба ноҳияи Панҷ рафт, ба дасти нирӯҳои Фронти халқӣ асир афтод ва то кушта шуданаш тақрибан як моҳро дар ҳуҷраи раиси идораи “Селхозтехника” дар шаҳри Сарбанд дар асорат ба сар бурд. Ҳуҷрае, ки дар замони шӯравӣ дафтари раисии худи Аслонов буд, акнун ба макони асорати ӯ табдил ёфта буд. Асорате ҳамроҳ бо таҳқиру шиканҷа ва наворбардориҳое, ки дар он аз Аслонов талаб мешуд, то аз кардаву накардааш “тавба” кунад.

АСЛОНОВРО КӢ КУШТ?

Мегӯянд, ки ӯро фармондеҳи аввали Фронти халқӣ Сангак Сафаров дар ҳамин ҳуҷраи асораташ аз туфангча паррондааст, вале таҳқиқи расмие дар ин замина то ҳанӯз анҷом нашудааст. Хайриддин Аслонов, фарзанди Қадриддин Аслонов, ки дар додситонии кулл кор мекунад, мегӯяд:
Ёдгории Сангак Сафаров

“Қонунан маълум нест, ҳатто тақдираш расман муайян нашудааст. Ҳарчанд мо ҷои дафнашро ҳам медонем ва дар мазораш санг ҳам мондаем. Ман дар вақташ тамоми омодагиро дида будам, экпертҳо тайёр буданд, вале падарам як пир доштанд бо номи Домулло Абдулвоҳид аз Қумсангир ва он кас ба далоили мазҳабӣ моро иҷозат надоданд, ки қабрашро кушоем. Ба кушодани парвандаи куштор фақат дар сурати кушодани қабр иҷозат медиҳанд. Аз сӯи дигар, анҷоми таҳқиқот ҳам оқибат надошт, чунки қотили ӯ дигар дар қайди ҳаёт нест. Инро ҳама медонанд.

Гулрухсор, духтари Қадриддин Аслонов, мегӯяд, ҷангиёни Фронти халқӣ баъди тасарруфи Душанбе ҳам як дафъа ба манзили онҳо ҳамла бурданд. Дуруст дар рӯзи даргузашти бобои онҳо – падари Қадриддин Аслонов – ва вақте ки ҷанозаи мӯсафед ҳанӯз дар рӯи хона буд. Гулрухсор мегӯяд: “8-уми январи соли 1993 буд. Либоси кӯдакҳо ва молу чизи хешу табореро, ки барои гӯрондани бобоям омада буданд, бурданд. Он вақтҳо видео нав пайдо шуда буд. Видеоро ҳам бо кассетаҳои тӯйи ману додарам бурданд. Баъд гӯё ин кассетаҳоро тамошо карда, хешу табори мо ва дигар аҳли тӯйро таъқиб кардаанд. Ҳамон солҳо падарам як манзили рӯбарӯи моро харида буд. Кӯшиш карданд, ки ин хонаро ҳам бигиранд, вале натавонистанд. Модарам ҷанҷол бардошт ва онҳо аз қасди худ гаштанд.”

112 СОМОНӢ НАФАҚАИ РАҲБАРИ СОБИҚИ КИШВАР

Зулхумор, ҳамсари Қадриддин Аслонов мегӯяд, вақте ӯ кушта шуд, ба ҷуз аз як духтару як писараш 6 фарзанди дигари онҳо ноболиғ буданд ва ӯ ҳамаи онҳоро бо азоби алиме калон кард, хононд ва ҳоло фақат писари хурдиаш мондааст, ки таҳсилашро имсол дар Маскав хатм кард ва бояд акнун ӯро ҳам хонадор кунанд.

Зулхумор Аслонова мегӯяд, аз тарси ин, ки мабодо гап шунаванд, ягон идора хатти вафоти шавҳари ӯро намедод ва ба ин далел дар ин қадар сол ҳатто нафақаашро наметавонистанд бигиранд ва танҳо соли гузашта ва он ҳам бо мусоидати раиси кунунии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба як нафақаи ночизе ноил шуданд: “Бист сол шуд, ягон кас номашро ҳам намегирад. Ягон кас ягон бор суроғаш ҳам накардааст. Фақат журналистон боре омада буданд хона, пурсиданд, рафтанд. Вале аз ҳукумат ягон кас наомадааст дари хонаи мо, то бипурсад, ки чӣ ҳол доред? Ман худам як дафъа дар ҳамон солҳои шум пеши Достиев рафта будам, ки аз тақдири шавҳарам пурсам. Фақат ҳамин қадар гуфт, ки янга, миёнатро сахт қапу бачаҳоятро нигоҳ кун. Нафақаашро ҳам аз ҳамин моҳи марти соли гузашта мегирам. Ин қадар сол намегирифтам, чунки ягон идора хатти вафоташро ба мо намедод. Як сол шуд, ки хатти вафоташро доданд. Баъд ҷамъбаст карданд нафақаашро, ки аввал 80 сомонӣ буд, баъд 90 шуду баъд - 100. Аз аввали имсол нафақааш 112 сомонӣ шудааст.”

БОД КАРДАНИ КОҲҲОИ КӮҲНА?

Бо ин ҳол, Усмон Солеҳ аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, дар вокуниш ба пешниҳоди эътои унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба Қадриддин Аслонов гуфтааст, то замоне ки ба фаъолияти ӯ дар мақоми раиси Шӯрои олӣ баҳои расмии ҳуқуқӣ надиҳанд, баррасии чунин пешниҳод пеш аз вақт мебуд.

Исмоил Талбаков, вакили ҳизби коммунист дар парлумони кунунӣ чунин пешниҳодро як тавтиъаи ҳизби демократ ва талоши дубора бод додани коҳҳои кӯҳнаи замони ҷанги шаҳрвандӣ номид: “Дар ҳамон давра ба ҷои худораҳматии
Исмоил Талбаков, аз ҲКТ

Қадриддин Аслонов ҳар каси дигар ҳам мебуд, ба Эъломияи истиқлол имзо мегузошт. Ин эъломияи хидмати Аслонов нест, балки натиҷаи муфт ба даст омадани истиқлоли Тоҷикистон буд. Лекин бадбахтии Аслонов ин аст, ки ӯ натавонист дар ҳамон рӯзҳои аввал аз истиқлол ҳимоят кунад ва мардумро дар атрофаш муттаҳид кунад.”

“МИСЛИ БОБОЯМ ПРЕЗИДЕНТ МЕШАВАМ.”

Аммо Гулрухсор, духтари Қадриддин Аслонов мӯътақид аст, ки ягон рӯз ҳатман аз ин хидмати падари ӯ, ки ба Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо кардааст, қадршиносӣ хоҳанд кард: “Ин кор дар таърих ҳаст! Имсол набарояд агар, соли дигар рӯ хоҳад зад. Соли дигар набарояд, 5 ё 10 сол баъд ҳатман рӯ хоҳад зад, ки бо имзои падари ман шудааст истиқлоли Тоҷикистон. Ҳозир намехоҳанд, ки ин таърихро рӯи об бароранд, вале агар тағйироте шавад дар мо, шояд ин барояд. Ман ҳамеша умед доштам ва ҳоло ҳам умед дорам, ки як рӯз не, як рӯз ин мебарояд. Ҳатто фарзанди хурдии ман, ки нав 10-сола шудааст, мегӯяд, ки истиқлолиятро бобои ман кардааст ва ман хуб мехонам, ки мисли бобоям президент шавам. ”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG