Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ иттиҳоми Босилка Младичро лағв кард


Ратко Младич
Ратко Младич
Додситонии Сербия иттиҳом алайҳи ҳамсари генерали собиқи сербҳои Боснӣ Ратко Младичро лағв кард. Босилка Младич дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мешуд.

Ҳанӯз моҳи апрел хонум Младич ба муфаттишон гуфта буд, ки автомат ва се тӯфанчаи соли 2008 дар манзилаш дар Белград ошкоршуда ба шавҳараш тааллуқ доранд.

Мурофиаи Ратко Младич дар Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг оид ба Югославияи собиқ рӯзи 3 июн шурӯъ шуд. Генерали собиқи сербҳои Боснӣ дар ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мешавад.

Ӯро яке аз муҷримони асосии куштори дастаҷамъии мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995 мехонанд – он вақт аз дасти низомиёни Младич беш аз 7 ҳазор мардону наврасони мусалмон ба қатл расида буданд.
XS
SM
MD
LG