Пайвандҳои дастрасӣ

Золотухин ҷойгузини Любимов мешавад?


Валерий Золотухин

Валерий Золотухин

Ҳунармандони театри Таганка дар як нома унвонии мири Маскав Сергей Собянин хоҳиш кардаанд, ки Валерий Золотухинро кафили раҳбари бадеии театр таъин кунад.

Дар ин бора ба хабарнигорон худи Золотухин баъд аз анҷоми нишасти пушти дарҳои бастаи ҳунармандони театр иттилоъ дод.

Раҳбари театри Таганка Юрий Любимов аз 16 июл мақомашро тарк мекунад. Таҳиягари маъруф баъд аз як моҷаро бо ҳунармандони театр дар шаҳри Прага аз мақомаш истеъфо дод.

Солҳои раҳбарии Юрий Любимов театри Таганка ба яке аз маъруфтарин театрҳои Аврупо табдил шуд.
XS
SM
MD
LG