Пайвандҳои дастрасӣ

Cе кишвар Шӯрои миллии Либияро эътироф карданд


Белгия, Люксембург ва Ҳуланд Шӯрои миллии гузариши Либияро чун намояндаи қонунии мардуми Либия эътироф карданд. Рӯзи чаҳоршанбе вазирони умури хориҷии ин се кишвар дар Брюссел бо раиси идораи сиёсати берунаи Шӯрои миллии таъсискардаи ошӯбгарон мулоқот карданд.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ амалиёти густурда барои забти шаҳри Ал-Кавалишро шурӯъ карданд. Чанд рӯз пеш ошӯбгарон ин шаҳри воқеъ дар ҷануби Триполиро таҳти назорат қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар Human Rights Watch хабар дод, ки дар чанд шаҳри ишғолкардаи ошӯбгарон ғорату оташзании мағозаву манзил ва дигар моликияти ҷонибдорони Қаззофӣ шурӯъ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG