Пайвандҳои дастрасӣ

Волии Ҳилманд аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурд


Гулоб Мангал, волии Ҳилманд

Гулоб Мангал, волии Ҳилманд

Волии вилояти Ҳилманд Гулоб Мангал дар роҳ ба маросими ҷанозаи Аҳмад Валӣ Карзай, бародари хурдии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин ҳодиса дар мавзеъи Майванди Қандаҳор рӯх дод. Яке аз мошинҳои волии Ҳилманд аз минаи идорашаванда таркид ва бар асари ин ду низомии афғон маҷрӯҳ шуданд. Ба раиси хадамоти кашфи Ҳилманд, ки волиро ҳамроҳӣ мекард, низ осебе нарасидааст.

Низомиёни НАТО ҳам гуфтанд, ки онҳо дар роҳи ҳаракати маросими ҷанозаи Аҳмад Валӣ Карзай ду минаро хунсо карданд.

Дар маросими ҷанозаи бародари раисиҷумҳури Афғонистон дар Қандаҳор ҳазорон нафар ширкат доштанд. Ба маросим, ки таҳти чораҳои бесобиқаи амниятӣ гузашт, худи Ҳомид Карзай сарварӣ мекард.

Аҳмад Валӣ Карзай, ки раҳбари Шӯрои вилояти Қандаҳор буд, рӯзи сешанбе дар манзили худаш дар шаҳри Қандаҳор аз тири муҳофизаш кушта шуд.

Масъулияти кушторро толибон бар дӯш гирифта онро “бузургтарин дастовард”-и худ арзёбӣ карданд.

Дэвид Петреус, раҳбари нерӯҳои НАТО ва ИМА дар Афғонистон, изҳор намуд, ки Паймон барои ба додгоҳ кашидани созмондиҳандагони ин ҳамлаи террористӣ ба Кобул ёрӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG