Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайримунтазираи Аҳмад Шуҷоъ Пошо ба Амрико


Раиси хадамоти кашфи Покистон (ISI) Аҳмад Шуҷоъ Пошо бо як сафари қаблан эълоннашуда вориди Вошинтон шуд.

Чанд рӯз пеш ИМА пардохти сеяки кӯмаки молиявии ду миллиарддолларӣ ба Покистон ба хотири мубориза бо терроризмро мутаваққиф кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, қарор аст, ки Шуҷоъ Пошо дар ин мавзӯъ бо мақомоти Амрико музокирот анҷом диҳад. Низомиёни покистонӣ гуфтаанд, ки раҳбари ISI бо ҳамтоҳои амрикоии худ мавзӯъи ҳамоҳангӣ дар фаъолияти хадамоти кашфи ду кишварро баррасӣ мекунад.

Муносибати Вошингтон ва Исломобод баъд аз амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ барои маҳви Усома бин Лоден дар шаҳри Абботободи Покистон ба сардӣ гароидааст.
XS
SM
MD
LG