Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони Қибрис ба беэътиноии ҳукумат


Дар Никосия, пойтахти Қибрис, тақрибан панҷ ҳазор нафар дар робита ба ҳалокати одамон дар таркише дар пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрӣ раҳпаймоӣ карданд.

Эътирозгарон тавонистанд, ки ба саҳни кохи раисиҷумҳур ворид шаванд. Чанд тан аз ҷавонон сӯи кормандони полис санг андохтанд. Дар ҷавоб полис аз гази ашковар истифода кард. Чанд нафар маҷрӯҳ ва гурӯҳе боздошт шуданд.

Эътирозгарон ҳукуматро дар он айбдор намуданд, ки бар асари бетавофутиву беэътиноӣ сӯхтори ҷангалзор то ба анбор бо силоҳи мусодирашуда расид. Дар таркиш дар пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрӣ 12 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 60 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG