Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни киштии ғарқшуда ба сад нафар расид


Теъдоди қурбониёни фоҷиаи киштии “Булгария” ба сад нафар расид.

Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, то ҳол 29 нафар аз мусофирони киштӣ беному нишонанд. Аҷсоди 90 нафар, аз ҷумла, 19 кӯдак, аллакай шиносоӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки киштии “Булгария” рӯзи якшанбе дар рӯдхонаи Волга ғарқ шуд. Ғаввосон берун кашидани ҷасадҳои мусофиронро идома медиҳанд.

Рӯзи сешанбе дар чаҳорчӯби тафтиши сабабҳои ғарқшавии “Булгария” Светлана Инякина, раиси кулли ширкати “Агроречтур”, ки киштиро иҷора гирифта буд ва Яков Ивашов, мутахассиси аршади бахши маҳаллии Регистри дарёии Русия боздошт шуданд.

Ҳамчунин алайҳи капитанҳои ду киштие, ки ба мусофирони киштии ғарқшуда кӯмак накарданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG