Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати ҳазорон нафар дар дафни Аҳмад Валӣ Карзай


Ҳомид Карзай дар маросими ҷанозаи бародари хурдияш Аҳмад Валӣ

Ҳомид Карзай дар маросими ҷанозаи бародари хурдияш Аҳмад Валӣ

Дар маросими ҷанозаи Аҳмад Валӣ Карзай, бародари хурдии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, дар Қандаҳор ҳазорон нафар ширкат доштанд. Ба маросим, ки таҳти чораҳои бесобиқаи амниятӣ гузашт, худи раисиҷумҳур сарварӣ мекард.

Аҳмад Валӣ Карзай, ки раҳбари Шӯрои вилояти Қандаҳор буд, рӯзи сешанбе дар манзили худаш дар шаҳри Қандаҳор аз тири муҳофизаш кушта шуд.

Масъулияти кушторро толибон бар дӯш гирифта онро “бузургтарин дастовард”-и худ арзёбӣ карданд.




Дэвид Петреус, раҳбари нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон, изҳор намуд, ки Паймон барои ба додгоҳ кашидани созмондиҳандагони ин ҳамлаи террористӣ ба Кобул ёрӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG