Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди нави Обама аз Башор Асад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА гуфт, ки раҳбари Сурия Башор Асад машрӯъияти худро аз даст додааст, зеро тавони ташкили гузаштани кишвараш ба низоми демократиро надорад.

Изҳороти Обама дар сӯҳбат бо хабарнигори шабакаи телевизионии CBS News нашр шуд. Ва аммо сарвари Амрико аз даъвати Башор Асад барои истеъфо худдорӣ намуд.

Дирӯз Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи ҷонибдорони Башор Асад ба сафоратҳои Амрико ва Фаронса дар Димишқро шадидан маҳкум кард.

Кохи Сафед изҳор намуд, Амрико ва ҳампаймонҳояш роҳҳои нави таҳрим болои мақомоти Сурияро, ки ба хушунат ва куштори эътирозгарони осоишта роҳ додаанд, ҷустуҷӯ мекунанд.
XS
SM
MD
LG