Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кӯлоб беш аз ҳазор тонна бензини воридкардаи ширкати «Газпромнефт»-ро ғайристандарт донистаанд.

Рустам Неъматов, сардори Раёсати стандартизатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳангоме, ки «Газпромнефт» ба ширкати «Кӯлобнафтрасон» дар 20 вагон бензин интиқол дод, онҳо онро аз рӯи масъулият мавриди санҷиш қарор додаанд.

Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ, «Газпромнефт» бензинро навъи 92 муаррифӣ кардааст, вале санҷиш нишон додаст, ки он бензини навъи 80 будааст. Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, бензини навъи 92-ро дар мошинҳои сабукрав истифода бурдан мумкин аст, вале бензини навъи 80 ба таҷҳизоти мошинҳои сабукрав зиёни ҷиддӣ мерасонад ва истифодаи он дар мошинҳои сабукрав иҷоза нест. Ӯ мегӯяд, аз болои ин амали ширкати «Газпроменефт»-и Русия ба додситонӣ шикоят бурдаанд.

«БА БЕНЗИНИ НАВЪИ 80 ЗОР МЕШАВЕД.»

Неъматов афзуд: «Ба Кӯлоб 1197 тонна бензин бо маркаи 92 ворид шуд, вале вақте мо ташхис гузаронидем, ки он бензини навъи 80 будааст. Баъдан мо бо сертификати мутобиқатсозӣ он бензинро навъи 80 кардем ва ҳуҷҷат тартиб дода ба прокуратура шикоят бурдем.»

Ба гуфтаи Неъматов, ҳарчанд, ин ҳодиса каме барвақттар ошкор шуда буд, вале онҳо ба хотири халал нарасонидан ба ҳамкории ин ширкат, аз фош кардани ин иттилоъ худдорӣ мекарданд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳоло мо бензини ворид кардаи ин ширкатро ҷиддӣ санҷиш мегузаронем, вале намояндаҳои он ҳушдор додаанд, ки дар сурати чунин ҷиддӣ тафтиш кардан, онҳо дигар ба Тоҷикистон бензини навъи 92 ворид намекунанд.

Неъматов афзуд: «Мо сахташон гирифта истодаем, вале ҳоло онҳо қасам хӯрда истодаанд, ки дигар ҳамин бензини 92 ҳам ворид намекунем ва ба 80 ҳам зор мешавед.»

РОНАНДАҲОИ ФИРЕБХӮРДА

Феълан, дар тамоми Тоҷикистон ширкати «Газпромнефт»-и Русия бозори фурӯши маводи сӯхтро монополия кардааст. Дар ҳоле, Раёсати стандарти минтақаи Кӯлоб тақаллубкории ин ширкатро ошкор кардааст, ки ронандаҳо ҳамеша аз сифати пасти бензини ин ширкат шикоят мекунанд. Камол Комилов, як ронанда мегӯяд, агар аз як сӯ ин ширкат ронандаҳоро фиреб кунад, аз сӯи дигар тоҷирони дохилӣ онҳоро фиреб медиҳанд.

Ӯ гуфт: «Дар ягон нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба мошинат дуруст бензин намерезанд. Сателҳои хитоӣ баромадааст, ки 10 литр мегӯянд, вале он 9,2 ва 9,5 литр ғунҷоиш дорад. Сифати бензин ҳам хеле паст аст. Вақте ба мошин мерезӣ ин эҳсос мешавад, зеро мошин овоз мебарорад ва кашиш ҳам дигар мешавад.»

ФИРЕБ БА ХОТИРИ ДАРОМАД

Дар ҳамин ҳол, Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки ин ширкат садҳо ҳазор тонна бензини 80-ро бо тамғаи 92 ба фурӯш гузошта бошад. Аммо Ҷумъаев мегӯяд, тақаллубкории «Газпромнефт» ҷанбаи сиёсӣ надорад, балки ин ширкат бо чунин роҳ мехоҳад даромади бештаре аз як кишвари фақир ба даст биорад.

Ҷумъаев афзуд: «Ин ҷо фақат мақсад пул кор кардан аст. Барои қаллоб сиёсат ва ватану давлат он қадар муҳим нест. Шояд онҳо тариқи пора додан чунин карда бошанд ва барои ҳамин одат кардаанд. Фоидаро онҳо бо нафари порахӯр мебинанд ва боз ҳам дар ҳамин қиматии сӯзишворӣ мардуми оддӣ ранҷ мекашад.»

Табдили бензини 80 ба навъи 92 дар ҳолест, ки ҳоло дигар дар Кӯлоб ба истилоҳ навъи беҳтари бензин, яъне навъи 95 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вуҷуд надорад.

Дар минтақаи Кӯлоб, ба фарқ аз дигар манотиқи Тоҷикистон ҳоло нархи як литр бензини навъи 92 ба 6,5 сомонӣ баробар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG