Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов: "СММ масъалаи зистмуҳитии ТАЛКО-ро ҷиддӣ намешуморад."


Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар СММ

Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар СММ

Барномаи зистмуҳитии СММ аз кишварҳои Осиёи Миёна хостааст дар таҷдиди шабакаҳои обрасонии худ ҳамкорӣ кунанд.

Дар ин изҳорот омадааст, кишварҳои ҳавзаи Амударё бояд мушкилоти худро, ки об аз каналҳову ҳавзҳои кӯҳнаву фарсуда бефоида берун меравад ва талаф меёбад, бартараф кунанд.Дар мусоҳибае Сироҷиддин Аслов-намояндаи Тоҷикистон дар СММ дар бораи ин изҳороти Барномаи зистмуҳитии СММ чунин тавзеҳот дод:

Сироҷиддин Аслов: Барномаи зистмуҳитии СММ дар якҷоягӣ бо чанд сохтори дигари СММ барномаҳои мухталиф таҳия мекунанд, ба хусус, дар бораи Осиёи Марказӣ. Яке аз чунин барномаҳо “Амнияти муҳити зисти Осиёи Марказӣ” ном дорад, ки он мисли як гузориш таҳия шудааст ва дар таҳияи он чандин корманди сохторҳои гуногуни СММ саҳм гирифтаанд ва ҳамчунин мутахассисони кишварҳои минтақа низ ширкат доштаанд. Дар ин барнома бештар дар бораи амнияти зистмуҳитии ҳавзаи Амударё масъала матраҳ шудааст. 80-90 дарсади пешниҳодҳо ва мулоҳизаҳо дар бораи ҳолати бади экологӣ ё зистмуҳитӣ ва ҳамчунин қариб аз байн рафтани баҳри Аралро дар бар мегирад.

Суол: Ишора мешавад, ки барномаи зистмуҳитии СММ ё UNEP ба ин нукта таваҷҷуҳ кардааст, ки гӯё ширкати ТАЛКО ё корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ осеб мерасонад. Дақиқан дар ин нишаст дар бораи корхонаи алюмини Тоҷикистон чӣ гуфта шуд?

Сироҷиддин Аслов: Ягон нишаст ё ягон ҷаласае хусусан дар ин мавзӯъ дар ин ҷо дар дафтари СММ баргузор нашудааст ва ин як хабареро, ки касе дар торнамои СММ ҷой кардааст, маънои онро надорад, ки СММ ин ҳисобот ё ин барномаро баррасӣ кард. Як нафар аз номи Барномаи зистмуҳитии СММ ақидаи худро дар он ҷо навиштааст. Лекин ман бори дигар мегӯям, ки аъзои ин барнома шояд, ки бештар аз 50-60 нафар бошанд ва танҳо яке аз онҳо ба ҷиҳатҳои экологии ҳаво баҳо додааст ва он ҳам ҳамон нафарест, ки дар бораи корхонаи алюминюми тоҷик навиштааст. Ман шахсан зидди баҳои ин нафар ҳастам. Ин шахс ягон ҳақ надорад, ки аз номи Барномаи зистмуҳитии СММ ё UNEP чунин нуктаро нависад, чунки 90 дарсади ин гузориш ба дигар ҷанбаҳои зистмуҳитии ҳавзаи Амударё тааллуқ дорад. Барои ҳамин вақте, ки мо дар бораи масъалаҳои ин ҳавза гап мезанем, бояд дақиқтар гап занем, на ин ки фақат корхонаи алюминиюми Тоҷикистонро мисол орем, ки аз ҷониби Узбакистон ин масъалаи сиёсӣ шудааст ва онҳо мехоҳанд ин проблемаро бештар сиёсӣ гардонанд. Лекин намедонам, ин нафар кист, ки фақат дар бораи корхонаи алюминиюн гап задааст ва баҳои нодуруст додааст.

Суол: Ҷаноби сафир, ин ҷо шумо ёдоварӣ кардед, ки кишвари ҳамсояи Тоҷикистон мехоҳад, ба ин масъала ҷомаи сиёсӣ пӯшонад. Оё Тоҷикистон наметавонад бо истифода аз минбари СММ пешниҳод кунад, ки як кумиссиюни мӯътабари байналмиллалӣ ташкил шавад ва биёянд дар худи маҳал шароиту вазъро бубинанд, ки то чӣ андоза корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ба муҳити атроф, ба хусус ба кишвари ҳамсоя зарар мерасонад?

Сироҷиддин Аслов: Тоҷикистон ҳама вақт ин корро мекунад. Ҳамеша даъват мекунад, ки ҳам Узбакистон ва ҳам сохторҳои дигаре, ки мехоҳанд роҷеъ ба олудигии муҳит дар корхонаи алюминӣ таҳқиқ гузаронанд, марҳамат биёянд. Мо дар ҳар сатҳ, хусусан дар ҷаласаҳои Барномаи зистмуҳитии СММ ва дигар сохторҳои ин созмон ҳама вақт даъват мекунем, ки биёянд.

Лекин ин масъала то ба он дараҷае, ки мо даъват мекунем, ки СММ биёед таҳқиқ кунед, ин мантиқ надорад. Агар СММ ин масъаларо масъалаи катастрофӣ ҳисобад, худаш бе даъвати мо ҳам меояд ва кумиссиюн месозаду таҳқиқ мегузаронад. Лекин СММ ва он сохторҳои СММ, ки ин проблемаро дақиқ медонанд, дарк мекунанд, ки масъала то он дараҷае нест, ки дар он ҷо як кумиссиюн ташкил шаваду кор барад. Мо пешниҳод мекунем, ки кумиссиюни СММ барои тамоми ҳавзаи баҳри Арал ташкил шавад ва биёянд бинанд, ки дар давоми 40 сол мо то чӣ дараҷа ҳолати экологии минтақаро аз дасти пахтаву заминҳои обӣ хароб кардаем, хусусан дар Узбакистон. Биёянд инро бинанд.
XS
SM
MD
LG