Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров бо Обама ва Ҳилларӣ Клинтон мулоқот мекунад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Имрӯз Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия дар Вошингтон бо Барак Обама-раиси ҷумҳур ва Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико дидор ва гуфтугӯ мекунад. Интизор меравад, ки дар ин музокирот ҷонибҳо ба барномаҳои давлати Обама дар бораи иҷоди сипари дифои зиддимушакӣ дар Аврупо бештар таваҷҷуҳ кунанд. Ин барномаҳо яке аз масъалаҳои ситезандаи муносиботи Амрикову Русия ба шумор меравад. Лавров гуфт, бими он меравад, ки ин барномаи низомии Амрико амнияти Русияро ба хатар андозад. Дар музокироти Лавров дар Вошингтон ҳамчунин масъалаи узвияти Русия дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат низ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG