Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаммар Қаззофӣ ба истеъфо аз мақомаш розист?


Муаммар Қаззофӣ
Муаммар Қаззофӣ
Интизор меравад, ки имрӯз раҳбарони шӯришиёни Либия барои музокира бо НАТО ва мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ба Белгия сафар кунанд. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки Алейн Ҷуппе-вазири корҳои хориҷаи Фаронса эълон кард, ки мақомоти наздик ба Муаммар Қаззофӣ бо намояндагони НАТО тамос гирифтаанд ва мегӯянд, ки Қаззофӣ омода аст аз мақоми раҳбарӣ истеъфо диҳад. Аммо Вошингтон мегӯяд, ки ба ин гуфтаҳо бовар надорад. Хонум Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, “гурӯҳи одамон”-е вуҷуд доранд ва иддао мекунанд, ки аз номи Қаззофӣ сухан мегӯянд.
XS
SM
MD
LG