Пайвандҳои дастрасӣ

ША СММ ҳамла ба сафоратҳо дар Сурияро шадидан маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ

Шӯрои Амнияти СММ

Шӯрои Амнияти СММ ҳамлаи тазоҳуркунандагон ба сафоратхонаҳои Амрико ва Фаронса дар Сурияро шадидан маҳкум кард. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки сафирони ин ду кишвар ҳафтаи гузашта аз ситоди нируҳои мухолифон дар маҳале бо номи Ҳама дар қисмати марказии Сурия боздид карданд. 15 узви Шӯрои Амният аз мақомоти Сурия хостанд, ки аз намояндагиҳои дипломатӣ ва дороии онҳо ҳимоят кунад. Намояндаи Сурия дар СММ гуфт, мақомоти интизомии ин кишвар талош кардаанд аз сафоратхонаҳо дифоъ кунанд ва бархе аз ширкаткунандагони ин тазоҳуроти эътирозӣ ба муҷозот кашонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG