Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои ғарқи киштӣ дар Русия парванда боз шуд


Рӯзи мотам дар Русия

Рӯзи мотам дар Русия

Дирӯз мақомоти интизомии Русия барои расидагӣ ба қазияи ғарқи киштии мусофирбарӣ дар оби рӯдхонаи Волга парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар ин ҳодиса бештар аз 100 нафар ҷон додаанд ва Русия барои поси хотираи қурбониён сешанберо рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Ин киштии фарсуда бо 200 мусофир рӯзи якшанбе ҳангоми тӯфон ба фоҷеа дучор шуд. Коршиносон мегӯянд, киштӣ тавони интиқоли 200 нафарро надошт ва он бештар аз ғунҷоишу тавони худ одам гирифтааст. 80 нафарро наҷот додаанд. Мақомот мегӯянд, ки раиси як ширкати сайёҳӣ ва мақомоти амниятии он боздошт шудаанд ва бар зидди онҳо парванда боз шудааст. Парвандаи дигаре бар зидди фармондеҳони ду киштии дигар боз шудааст, ки ҳангоми фоҷеа аз канори киштии дар ҳоли ғарқ гузаштаанд ва ба одамони ба марг рӯ ба рӯ шуда кӯмак накардаанд.
XS
SM
MD
LG